Ҳизби наҳзати Исломӣ сарҷашмаи пайдоиши экстремизм ва терроризм дар Тоҷикистон

Вобаста ба вазъияте, ки имрӯз ба амал омадааст, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм мебошад. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаҳои муҳим — ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошанд.

Бо таври ғайри интизорӣ сиёсикунонии дин яке аз масъалахои сарбастаи низоми сиёсӣ дар кишвархои Шаркӣ мусалмонӣ гардидааст. Давлатдории дунявӣ хам ифротгарои атеист ва диниро надорад. Бадкунии давлатдории дунявии демократӣ аз нуктаи назари динӣ хатогии махз аст ки онро гурӯххои муайян дар муборизахои сиёсии худ истифода мебаранд ва динро парчами худ намуда дар давлатхои мусалмонии Шарк оташи чангхои ифротгароенаро меафрӯзанд.

Бо рахбари Муҳиддин Кабирӣ Ҳизбу ҳаракатхои дорои хусусияти динӣ одатаннизомидавлатдориимиллиро хилофи дини ислом ва омилиасосии паст задани дин дар чомеа мехисобанд. Хушбахтона имрӯз дар байни сокинони асосии кишвари мо ба ин тамоюлхо бахои дурусти худро медиханд зеро оиди давлату давлатдорӣ ва дин мардуми мо назари худро доранд ва чунин мешуморанд ки факатдавлати дунявию демократӣ метавонад динро тарикки дода роххои дурусти онро пешаи мардум гардонад. Дар баробари хамаи ин аккалиятхое низ вучуд доранд ки низоми давлатдории дунявӣ демократиро монеаи асосии пешрафти дину мазхаб медонанд ки ин акида махз хатоӣба шумор меравад.

Ин маънои онро дорад ки то ханӯз доир ба фахмиш ва дарки дурусти мохияти низоми давлати дунявӣ демократӣ ва миллӣ проблемахо чой доранд. Ба ин мисол шуда метавонад фаъолияти Хизби нахзати Ислом харакати мардумии “Растохезки баъди интишори конун “ Дар бораи иттиходияхои чамъиятӣ дар ЧШС Точокистон”- 12 декабри соли 1990 аз тарафи Шӯрои Олии Чумхурии Точикистон кабул шудааст ташкил ёфтан гирифтанд. Хизби нахзати Ислом 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди чомеа акидахои нодурусти динӣ чой доранд ки ба гурӯхҳои Мухиддин Кабири ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоханд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд мехост, ки ҷаҳон мувофиқи хости он шакл бигирад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар дар гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шахрвандон ба фиребу найранги динӣ офарида аз зиндагии мустақилонаи худ махрум шудаанд. Гурӯхҳои Мухиддин Кабири бадрафтор ва террористӣ барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин мохирона истифода мебаранд ба монанди рохбари Хизби нахзати Ислом Мухиддин Кабири ки натиҷаи он дар давлатҳои ҷанг рафтаистодаи Сурияи Араб Ироқ шахрвандон бевосита иштирок менамоянд ҳалок шудаанд.

Ин гурӯҳ Мухиддин Кабири нотавонбини аз оламу одам норозӣ хамавакт будан мемонанд ва ғаразҳои нопоки онҳоро сарфи назар карданӣ намешаванд. Хамаи намудҳои фаъолияти Хизби нахзати Ислом ба назар гирифта 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин хизб дар худуди ҷумҳурӣ қатъ гардонида шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо омӯзгорон, тарбиятдиҳандагон бо рафтор, бо кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки шомилшавии чавононро ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро бахусус ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом пешгирӣ намоем. Ҳамаи кӯшишу ғайрати ҷавононро ба ободию осоиштагӣ ва гулгуншукуфоии ватани маҳбубамон Тоҷикистон равона намоем.

Аллашукуров Б. Э.

омӯзгори Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд

ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ