Ҳилаи навбатии Кабирӣ ошкор гардид

Сарвари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шаҳрвандони Тоҷикистонро ба муносибати фарорасии соли нави мелодӣ тариқи сомонаи иҷтимоии Фейсбук табрик кардааст. Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода – сархатиби вилояти Суғд, шахси дурандеш ба АМИТ “Ховар” нома навишта, ин рафтори Муҳиддин Кабириро ба бўқаламун, ки аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм буда, ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар мекунад, монанд намудааст.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода барҳақ рўйдоди таърихӣ ва созанда, ки соли 2018 бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рух дод, аз ҷумла ба истифода дода шудани чархаи аввали НБО” Роғун”, ки сохтмони аср ба ҳисоб меравад, ёдовар шуда, қайд намудааст, ки ба ин воқеа душманони миллат ангушти ҳайрат газиданд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозода, ки дар Фейсбук табрикоти солинавии Муҳиддин Кабириро хонда, ба ҳайрат омадааст, зеро то рӯзе, ки Муҳиддин Кабирӣ дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал карда истодааст. Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушодааст.

Мўсозода қайд менамояд, ки Муҳиддин Кабирӣ, имрўзҳо дар Аврупо муҳоҷирона зиндагӣ дорад ва ба ташкилотҳои аврупоӣ, ки нисбати кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон, мақсадҳои ғаразнок доранд, хизмат мекунад. Барои ҳамин ҳам табрики соли нави мелодӣ, гарчанде ба ақидаи ў зид мебошад,барои ба даст овардани маблағи муайян қалам ба даст гирифтаву табрикнома навиштааст.

Ба андешаи банда, ин ҳиллаи навбатии Муҳиддин Кабирӣ мебошад, ки аз ҷониби сарвари рўҳонии вилоят ошкор гардид. Ман ҳамчун омўзгор, ки тарафдори рушду нумўъ ва осудагии кишвар мебошам, ақидаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мўсозодаро пурра дастгирӣ менамоям.

Ф. Ҳусейнов– омўзгори

кафедраи таърихи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ