Ҳиҷоб либоси хоси тоҷикӣ нест
Ба гуфтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон "Моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчи зудтар хотима бахшида, сарулибосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем". Солҳои охир бо таъсири шабакаҳои интернетӣ ва гурӯҳҳои алоҳида тарғиби сарулибоси ба фарҳанги мо бегона дар шаҳру ноҳияҳои мо, бахусус, миёни занон вусъат гирифта истодааст, ки боиси нигаронӣ мебошад. Як гурӯҳ занону духтаронро дар ҳаёти ҳаррўзаи худ вомехўрем, ки диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳи дур аз фарҳанги миллии мо фазои маънавии ҷомеаро тира сохта истодаанд.
Ҳар фарди худгоҳи ҷомеа, махсусан, занону бонувон бояд на ба фарҳанги хориҷӣ, балки барои ба даст овардани касбу ҳунар талош намоянд, барои худ хонаву дари обод, шароити хубтар муҳайё кунанд, соҳибмаърифат бошанд ва фарзандони хубу донишмандро тарбия ва ба воя расонанд.
Он чӣ, ки тоҷикон дар маросими мотам, тӯю сур, либоси худро тағйир медиҳанд, чизи маъмулист ва аммо дар рӯзҳои муқаррарӣ либоси одӣ ба бар мекунанд,ки инро касе манъ накардааст. Қонунҳои кишвари мо ба ҳама кафолат додаанд, ки зиндагиашро дар зери ҳимояи ҳамин қонунҳо созмон диҳад. Вале ин маънои онро надорад, ки аз онҳо суиистифода намуда, ба зарари ҷамъият амал кунем, тавре ки як қисми сатру ҳиҷобпӯшон мекунанд. Беҳтарин коре, ки мо ҳамчун инсони худшинос метавонем анҷом диҳем ин ба бар намудани либоси хоси миллии тоҷикист ва тарғиби он аст.
Изҳороти мудири кафедраихимияи умумӣ ва методикаи таълими он дотсент Ахмедова З.С.