Ҳиҷоб : Мӯйро аз хамир ҷудо бояд кард

Либоспўшии тоҷикӣ бо такя ба назокати хоси матлуб моро дар роҳи дарку шинохти арзишҳои воқеии милливу башарӣ пеш мебарад, ки онро ҳаргиз наметавон мавриди интиқоди яксўнигарона қарор дод. Ба назари мо, каммаърифатӣ ва бебаҳрагӣ аз таърих ва фарҳанги милливу қавмӣ ва башарӣ имкон намедиҳад, ки дар ин роҳ мўйро аз хамир ҷудо намоем.

Имрўзҳо дар Тоҷикистон ва берун аз он оид ба ҳиҷобу ҳиҷобпўшӣ ва манъи ҳиҷоб баҳсҳои мухталиф сурат мегиранд ва ин баҳсҳо мисли ин ки дигар барои ҷомеаи имрўзи мо масъалаи мубраме вуҷуд надошта бошад, хеле баланду боло мераванд, ки ба дарку фаҳмишҳои гуногун такя доранд. Ин фаҳмишҳо то куҷо ба аслу воқеият наздикӣ доранд? Дар шабакаи иҷтимоии Паём.нет тасмими мақомоти олии Тоҷикистон дар заминаи қабули қонун оид ба манъи вуруди занону духтарон бо сатру ҳиҷоб ба идораҳои давлативу хусусӣ шадидан интиқод шудааст. Аз ҷумла, дастандаркорон кўшиш ба харҷ додаанд, ки ин амалро ба таври ғайриобективӣ ҳамчун «нахустин иқдоми аз роҳи қонун маҳдуд кардани пӯшидани рӯсариву ҳиҷоб дар Тоҷикистон», амали нотакрору бесобиқаи «зиддиконститутсионӣ, зиддидинӣ ва зиддимардумӣ», «таҳқири сарсарии ҳадди ақал ними занони тоҷик ва дастдарозӣ ба номуси мардони кишвар» ба шумор оранд, ки гўё «номардумитар аз ин қонун то ҳол дар кишвар қабул нашуда» будааст.

Ба назари муносиби ҷомеа бояд дар кишвари мо ҳар амал тибқи ниёзҳову тақозои қонунҳои дохилии зисту зиндагии он ва бо назардошти таърихи анъанаву русуми миллӣ, аз ҳама муҳим, аз диди менталитети хоси тоҷикӣ мавриди гуфтугў ва татбиқ қарор гирад. Мухолифин дар ин замина чӣ роҳеро ба сар гирифтанӣ шуда, чӣ тарҳҳои ҳукуматиро интиқод карда ва аз чӣ рўйдодҳо бонги хатар заданианд? Тасаввур кунед, мунтақидон пазириши қонуни зидди ҳиҷобро дар Тоҷикистон манфиати шахсӣ ва ё амале муассир ба раванди иқтисоди кишвар ба қалам оварда, ин амалро маънии рўсиёҳи абад шудани имрўзиён ва ҳукуматиён дар назди Худову бандагонаш маънидод мекунанд. Охир чаро напазирем, ки дар давлати имрўзи мо бадар кардани ҳиҷоб аз сари зан зимни ворид шудан ба муассисаҳо ба табиати давлати дунявӣ хос мебошад ва инро таҳқири сахт шуморидан ба занону мардони хонавода аз фикри норасову ғайрисолим маншаъ мегирад. Фикр кунед, агар ин шахсон худашонро таҳқиршуда ҳисобанд, инро ҳаргиз бастагие ба нодурустии муносибати ҳукумат ба масъала шуморидан дуруст нест. Касе ки ба хотири манъи ҳиҷоб худро таҳқиршуда меҳисобад ва тарки ватан мекунад, на ба манфиати кишвар ҳаст, на ба манфиати шахсии инсон, на посух ба менталитети миллӣ. Аз ин рў, амали мазкурро боиси мавҷи нави муҳоҷират ба шумор овардан маънии аз нав ангеза додани мардум ба сўйи ноамнию ноосоиштагӣ дораду халос.

Бояд гуфт, ки навиштаҳои ин нависандагон танҳо ба фоидаи якчанд нафар манфиатҷӯёни зархарид ҳасту бас, ки кишварамонро ноором кардан мехоҳад.

Аъзоёни маҳфили

“Нерӯи сухан”-и МДТ “Донишгоҳи давлатии

Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ