Ҳифзи Ватан-вазифаи муқаддаси ҳар яки мост!

Тайи солҳои охир ҳаракати иртиҷоӣ, ифротгароӣ ва динию мазҳаби бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро нором карда, ҳаёти осоиштаи мардумро зери хатар мегузоранд. Ин вабои аср буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ таъсири худро расонида истодааст. Яке аз падидаҳои номатлубе, ки имрӯз хусусан дар байни ҷавонон ба миён омада истодааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ зуҳуроти номатлуб буда, боисиба миён омадани оқибатҳои нохуш- таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ гардидааст.

Ба ғайр аз ин таърих гувоҳ аст, ки ташкилоти террористии экстремистии Ҳизби наҳзати ислом низ дар рушдииқтисодӣ ва иҷтимои кишвар ягонсаҳмие надошт ва надорад. Бовуҷуди номнавис ва ба қайд гирифта шуданаш фаъолияти дурусте карда натавониста, ҷойгоҳи устувореро дар ҷомеа касб накард.Вале бо корбурди номи дини исломва сӯиистифода аз эътиқоди мардум то имрӯз барои расидан ба ҳадафҳоисиёсии дастараси худ талошт варзиданд.

Фаъолияти тундравонаи ТТЭ ҲНИ ҳеҷ вақт ба манфиати мардум набуда,балки барои манфиатҳои мақсадноки бади худ мебошад. Ба ғайр аз ин, ҳадафи ин ҳизб тафриқандозӣ ва ғасби ҳокимият дар Тоҷикистонбуду ҳаст. Мақсади рохбарияти инҳизб бо дурӯғу найрангҳо ва фиребу дурӯягӣ мардумро гумроҳ кардан мебошад. Аммо мо мардуми ҳушёру бозаковат, бофарҳангу бомаърифат ба ин суханҳои нопоки онҳо ҳеҷ вақт бовар намекунем.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳифзивазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон эълон мешавад. Аслан истилоҳи“вазифаи муқаддас” ба он ишора мекунад, ки он вазифаи ҳам конститутсионӣ ва ҳам маънавии ҳар шаҳрванд аст. Манфиати давлат ба пешрафту камолоти ҷомеа, сатҳи некӯаҳволии халқ, шароити зиндагии арзандаи ҳар фарди ҷомеа нигаронида мешавад. Дар шароити имрӯзаи вусъати ҷаҳонишавӣ, таҳдиди бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва энергетикӣ нақш ва нуфузи давлати миллӣ дар ҳалли вазифаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ бештар мегардад. Аз ин хотир, ҳимояи манфиати милли давлат аз ҷумлаивазифаҳои муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.

Ҳамин тариқ, таҳкими истиқлолияти давлат пеш аз ҳама музаффариятҳоисоҳибистиқлолӣ ва ҳимояи онро дар назар дорад. Ҳамзамон соҳибистиқлолии давлат таҳкими минбаъдаро тақозо мекунад. Таҳкими истиқлолияти давлатбо чораҳои мухталифи давлатӣ дар самти пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ таъмин карда мешавад. Истиқлолияти давлат дар айни замон ба тақвиятиистиқлолиятииқтисодӣ, энергетикӣ ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷомеаниёз дорад. Истиқлолияти давлатӣ, ҳимоя ва таҳкими он бо кӯшишу талош, меҳнати садоқатмандона, таҳсили мунтазам, афзун намуданисатҳи дониш, маҳорати касбӣ,, миллатшиносӣ ва ватанпарастии ҳар шаҳрванди Тоҷикистон баҳри ободониикишвар ва таъмини пешрафту камолоти он ба даст меояд. Барои ҳамин, таҳкими истиқлолияти давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вамақомотҳои давлатии он мебошгад.

Хулоса, мо мардуми ҳушёру бозаковатро зарур аст, бо шукргузорӣ аз ин истиқлолияти миллӣ ва шароити мусоиду рӯзгори хуш ва ҳама рӯза бар андешаи он бошем, ки чигуна ҷомеаи озоду фазои кушоди кишварамонро аз миллат ва сирояти чунин вирусҳои марговар раҳо созем. Ҳамеша дар мазраи қалбу зеҳн ва тафаккури мо ҳисси меҳанпарастӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ ва инсонгароӣ ҷӯш занад ва ҳамешадар ҳифзи якпорчагиву ваҳдати он саъю талош намуда бошем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ