Ҳифзи арзишҳои миллӣ қарзи шаҳрвандист
Сулҳу ваҳдат, оромиву ҳамзистӣ, дӯстиву рафоқат, ҳифз ва афзун гардонидани дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти оину суннатҳои аҷдодӣ ва дар маҷмуъ сарҷамъиву иттиҳод зери парчами миллӣ таҳти ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулият ва қарзи ҷонии ҳар як фарди соҳибватану соҳибхирад аст. Хусусан дар замони муосир ва талошҳои абарқудратон бо мақсади мавқеъгирии сатҳи ҷаҳонӣ ва зуҳури созмону ташкилот ва гуруҳҳои ихтилофангез масъалаи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва тарбияи насли худогоҳу хештаншинос яке аз масъалаҳои меҳварии фаъолияти ҳар як шахси баору нанги кишвар маҳсуб меёбад.
Он рӯзгори даҳшатбор ва даврони яъсу ноумедиҳо, яъне айёми ҷанги шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистони азизро фаро гирифта буд, касе фаромӯш намесозад. Ҳеҷ гоҳ ваҳшонияти хиёнаткороне, ки бо дастури хоҷагони хориҷии хеш ниқоби дин ба бар намуда, бародарро бар муқобили бародар, писарро бар муқобили падар, духтарро бар муқобили модар шӯрониданд ва даҳҳо нобиғаҳои илму айём ва родмардони миллати тоҷикро ба монанди Муҳамммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Юсуф Исҳоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Отахон Латифӣ, Моёншоҳ Назаршоев, Нурулло Ҳувайдуллоев, Давлаталӣ Раҳмоналиев, Муродулло Шералиев бо роҳи террор аз байн бурданд аз хотир намеравад.
Бо талошу кӯшиш ва азму иродаи матини Пешвои миллатсулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардида, зиёда аз 160 кишвари олам Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Бо ҷонибдории аксари кишварҳои олам дар Созмони Милали Муттаҳид қабул ва мавриди амал қарор гирифтани ташаббусҳои неку наҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масоили гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ, дар сатҳи байналмилаӣ таҷлил гардидани иду ҷашнҳои миллии мо ба монанди ҷашни Наврӯз, ба феҳристи ЮНЕСКО дар бахшҳои шоҳкориҳои шифоҳӣ ва фарҳангии мероси ғайримоддии башарият, мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ, мероси табии умумиҷаҳонӣ, мероси ғайримодии фаҳангӣ ворид гардидани “Шашмақом”, шаҳраки қадимаи «Саразм», “Боғи миллии Тоҷикистон – Кӯҳҳои Помир”, “Чакан” ва ғайра шаҳодати гуфтаҳост.
Воқеан, имрӯзҳо Тоҷикистон зери роҳбариву раҳнамоии Пешвои муаззами миллат рӯ ба инкишоф ниҳода истодааст. Тадбирҳои шоистаи Ҳукумати кишвар баҳри таъмини шароити арзандаи кору зиндагӣ ба ҳар як сокини мамлакат имрӯзҳо намоёну назаррас буда, рӯз ба рӯз рӯзгори босаодати мардуми мо таъмин гардида истодааст.
Мушоҳидаҳо собит месозад, ки фаъолияти ҳизбу равияҳои ифротиву иртиҷоӣ аксаран зери суйистифодаи дини мубини ислом сурат гирифта, ин хоинон динро ниқоби хеш қарор додаанд.
Бо мақсади поку беолоиш нигоҳ доштани дини мубини ислом ва шинохти ҷойгоҳи он дар раванди тарбияи бани башар ва ҳидояти ҷомеа ба сӯи музаффарияту муваффақият Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ва талош намуда, аз минбарҳои баланди созмону ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ мисли Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус суханронӣ намуда, борҳо зикр доштаанд, ки "дини мубини ислом ҳеҷ робитае бо терроризм ва экстремизм надорад".
Бо мутолиаи мақолаи Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода сархатиби вилояти Суғд таҳти унвони “Дин ва арзишҳои миллӣ” воқеан ҳам бори дигар собит мегардад, ки вазифаи аслии дини мубини ислом ҳидояти ҷомеа ба сӯи фардои ободу дурахшон, ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад. Тавре дар мақола ишора мегардад: “Вақти он расидааст, ки мардуми мусулмони олам назари худро нисбат ба арзишҳои миллӣ, фарҳанги миллӣ ва давлати соҳибихтиёри миллӣ, ки ҳамчун бузургтарин неъмат кафили озодии эътиқод ва саодати мардуми эътиқодманди олам аст, таҷдиди назар намоянд. Маҳз арзишҳои милӣ ва давлати соҳибихтиёр чи дар масири таърих ва чи имрӯз дар шароити муосир қодир аст, ки фазои орому ободи моро таъмин намояд».
Бо дарки ин нуктаи муҳим ходимони дин ва донишмандони моро зарур аст, ки зимни суҳбат бо аҳли ҷомеа ва таҳқиқи масоили мазкур тарғибу ташвиқ ва гиромидошти арзишҳои миллиамонро низ ба инобат гиранд.
Абдулатиф Азизов, декани факултети санъати тасвирӣ
ва технологияи МДТ «ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров»