Ҳар кӣ хандонад, ятими хастаро……
Тибқи иттилоирасонаҳои хабарӣ рӯзҳои наздик 80 кӯдаке, ки падару модаронашон бу ҷурми пайвандӣ доштан ба гурӯҳи террористиву экстеремисти(шояд бо роҳи маҷбурӣ бошад) Давлати исломии Ироқу Шом бо худ бурда буданд, бо ғамхориву дастур, дахолатукорбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргардонида шуданд.
Баробари шунидани ин навиди хуш қалби инсони худогоҳу худшиносроҳиссиётихеле аҷибе фаро мегирад, ки дар гуфтанаш забон лолу ақл ногиро мегардад. Соҳиби дили бузург, ақлу заковати азалӣ, ҷавонмардивудалерии инмарди шарифротаърих борҳоисбот сохтаастумардумро ҳазорҳо маротиба иқрор шудаанд.
Албатта, ҳамроҳизану фарзандубур намудани сарҳад бо мақсадҳои гунонунро қонунҳои амалкунанда манъ намекунад, валемақсади сафархамагонро ба ташвиш овардавуимрўзҳобаъзе ашхос ба номи миллати тоҷик нанг меоранд (бахусусзанон).Бесаводӣ, сатҳипасти маърифати ҳуқуқӣ, надонистанитаъриху фарҳангу анъанаҳои миллӣ, тақлиди кўр-кўрона ба фарҳанги бегонасарчашмаитамоми бадбахтиҳост.
Фарзандро меваи дарахти умри инсон, асоси хушбахтии оила, давомдиҳандаикору пайкори волидайнменоманд, валеқарор доштани кўдакони тоҷикро дар мавзеъҳои даргириҳои сиёсӣ шунидаву дида, оташу қахру ғазаб аланга мегирад. Хок бар саричунин волидайникўрнамак, ки ба неъмати Парвардигорношукрӣмекунад, хору хор менамояд ва ба ояндаи худаш бо дасти худаш оташ мезанад.
Агар80 нафар кўдак ба Ватан баргардад, иналлакай хушбахтист. Гап дар сари шумораи баргаштагон не,мурод аз ин қаҳрамонӣтаъмини ояндаибосаодати насли нави инсонаст. Мегўянд, ки имрўзҳо дар ҷахон масъалаимаблағгузорӣ ба нерўи инсонӣвусъати тоза касб намуда истодааства ҳар як қавму миллат барои ояндаи худ аз тамоми роҳу воситаву омилҳоимавҷуда истифодамебарад.
Бузургонимиллати тоҷиктараннумгари хеле моҳири фалсафаи зиндагӣ буданду ҳастанду мемонанд. Ба кадом сарчашма ва ёмероси адабивутаърихӣ назар наандозед, масъалаи таълиму тарбияи насли наврас, бахусус фарзанд мавқеи калидӣдошту дорад. Тоҷиконро бо РўдакивуФирдавсӣ, СиновуСаъдӣ, Ҳофизу Камол, Хайёму Бедилу БерунивуДақиқӣ, АйнивуТурсунзодаву Эмомалӣ Раҳмонмешиносанду эҳтиромашмекунанд.
Гуфтаниҳозиёданду корнамоивумардонагии мардони бонангу номуси миллатробарои гуфтан қалам оҷизӣ мекашадувақт нокифоягӣ мекунад.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмонба хотириояндаимиллат, бахусусҷавонон хеле ҷонбозиҳо дорандва кўшиш менамоянд, киояндаиорому босуботро барояшономода созанд.Аз ҷавонон хоҳиш ва дархост дорем, ки бо истифода аз ақли солим, дониши комил, фаросати азалӣбарои ояндаи худ азму талош намоянду ба сафсатаву фиребинохалафон фирефта нашаванд, меваиумри худроба даҳшату хатар гирифтор нанамоянд.
Мо ба ояндаиободу осоиштаиТочикистон боварӣ дорем, зеро саврвари оқилу ғамхор ва сарзамини биҳиштосо дорем.
Қодирова М.А. – муаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарӣ