Ҳақиқат талх аст, вале ҷовидон
Бо баробари наздик шудани интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ошкорсозии қонуншиканиҳои ниҳодҳои сиёсӣ ва қувваҳои берунаи манфиатдор рӯз аз рӯз афзун шуда истодааст. Намунаи барҷастаи он дар мақолаи таҳлилии сиёсатшинос, директори Институти фалсафа Назар Муъмин таҳти унвони «Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба Суди байналмиллалии СММ муроҷиат намояд» инъикос карда шудааст. Муҳтавои асосии мақоларо ифшонамоии қонуншиканиҳои ТЭТ ҲНИ ва робитаи онҳо бо Ҷумҳурии исломии Эрон тавассути овардани далелҳои мушаххас ташкил медиҳад. Воқеан, кирдороти разилонаву авомфиребонаи ТЭТ ҲНИ дар роҳи ғасби ҳокимият, хоинӣ, ватанфурушӣ назире надорад. Асосҳои дар мақола овардашуда раднопазир буда, симои аслии наҳзатиёнро барои мардум дубора ошкор сохтааст. Чунон ки дар мақолаи номбурда зикр гардидааст, мудҳиштар он буд, ки ҳангоми сар задани ҷанги таҳмилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «…сарварони ҲНИ ва аҳли авлоди онҳо ҳама дар шаҳри Теҳрон паноҳ ёфтанд. Ягон намояндагони калидии ин ташкилот дар кӯча намонд. Азобу уқубат дар сари онҳое буд, ки гуреза шуданд ва бо аҳлу аёлашон даруни хаймаю чоҳҳои сарди хокию лойолуд дар ҳудуди Афғонистон зиндагӣ мекарданд».
Аз ин ҷо пайдост, ки шиору даъвову талошҳои дар роҳи ободонии Ватан нишон додаву вонамуд кардаионҳо дуруғу сатҳӣ, баҳри пиёда сохтани манфиатҳои шахсӣ ва сарпарастони эронии онҳо нигаронида шудаасту бас. Вагарна ҳангоми ба хоку хун оғушта шудани кишвари азизамон Тоҷикистон ва овораву саргардон, гурезаву бесаробон мондани ҳамватанони ғофил аз асли масири сиёсӣ дар кишвари амн паноҳ бурда, мазҳакаомез тамошо намекарданд. Чунин воқеаҳо ҳатто ба виҷдони онҳо ягон осоре нагузошт. Ин аст, ки боз бо қалби сахту чашми танг аз роҳи мансабталошӣ даст намекашанд. Бо вуҷуди ин, ҳақиқат оқибат шуд ошкоро. Беҳуда нест, ки мегӯянд «ҳақиқат талх асту ҷовидон». Минбаъд низ амалҳои хоинонаи душманони Тоҷикистон пӯшида намемонад. Чеҳраҳои адолатпарвару меҳандӯсти Ватан дар симои чунин шахсиятҳо ба монанди Назар Муъмин ҳомиёни ҳақиқату адолат мешаванд ва ба наслҳои минбаъда намунаи ибрат мегарданд.
Устодони кафедраи сиёсатшиносӣ