Ҳангомаҳои зиддидавлатии Илҳом Ёқубов

Илҳом Ёқубов роҳбари ТТЭ ҲНИ ба ҳисоб рафта, аз ашхосоне ба ҳисоб меравад, ки Тоҷикистонро ноором карданӣ ва бо нақшаҳои ғарази худ ҷавононро ба доми худ андохта, бо ваъдаҳои пучу бепояааш ояндаи дурухшони онҳоро зери суол қарор додааст.

Тарафдорони Илҳом Ёқубов пинҳонӣ бошад ҳам, дар дохили кишвар вучуд доранд ва худ каме донанд, ки ин намоишҳояшон зоҳирӣ мебошад. Ҳоло он ки, дар хориҷи кишвар низ садҳо шахсиятҳои шинохта аз минтақаҳои гуногуни Осиёи Марказӣ кор ва зиндагӣ доранд ва нақшаи онҳо танҳо бар зидди давлат баромадан аст.

Илҳом Ёқубов, яке аз шогирдони асосии Муҳиддини Кабирӣ ба ҳисоб рафта, дар мавҷи исломпарастӣ фаъолият мебаранд. Фаъолияти Муҳиддин Кабирӣ аз ҳисоби тарафдорон ва маблағҳои хоҷагони эронии худ бо бизнеси байни худ зиндагӣ ва фаъолият мебарад.

Илҳом Ёқубов асосан бо рӯзноманигорон ошноӣ пайдо намуда, бо онҳо робитаи мустаҳкам пайдо намудааст. Ӯ борҳо тариқи телевизионҳо гузоришҳои таҳлилии худро баромад кардааст. Дар кишвар 350 адад нашрия фаъолият доранд, ки аз онҳо 300 адад нашрияҳо хусусианд. Асосан, ӯ бо нашрияҳои “Ҷасорати журналистӣ”, “Касбияти журналистӣ”, “Тадқиқоти журналистӣ” мусоҳиба шудааст.

Илҳом Ёқубов гумон дорад, ки танқид падидаи созанда ва омилҳои асосии рушдиҷомеа мебошад ва инсонҳоро дигар мекунад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнаткаши тоҷик рӯзҳои вазнини худро аз хотир набаровардааст.

Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба даст овардани озодии миллӣ, некуаҳолӣ то имрӯз ҷидду ҷаҳд менамояд ва кӯшиш карда истодааст.

Дар давлати ҳуқуқбунёд ва озоди мо набояд душманони давлату миллат зиндагӣ ва кор намояд. Ҳар нафаре, бояд нангу номус дошта бошад, танҳо баҳри осоиштагии давлату миллати худ саъю кӯшиш намояд ва арзишҳои миллии худро нигоҳ дорад.

Вазифаи асосии Илҳом Ёқубов бояд танҳо хизмат кардан ба халқу миллат ва ҳимояи ватани худ, халқи худ ва миллати худ бошад!

Нест бод! Хоинони миллати тоҷик!

Сармуаллимаи кафедраи фалсафа

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ