Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар

Дар байни халқ мақоле паҳн гардидааст: “Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар аст”. Дар муносибати имрӯзаи байни тоҷикон ва қирғизҳо вайроншавии ин меъёри ахлоқӣ ба назар мерасад, ки ба оқибатҳои ногувор оварда, ба муташанниҷ гардидани вазъияти минтақавӣ боис гардидааст.

Қобили тазаккур аст, ки ҳар ду давлат – ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҷойгир буда, аз ҷиҳати таъриху дину фарҳанг шабоҳати наздик дорад. Дастовардҳои давраи истиқлолият, мустаҳкам ва устувор гардидани муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва дипломатии байни давлатҳо ва зуҳури хабарҳои нохуш дар марзи давлатӣ вазъияти имрӯзаро боз ҳам муташанниҷ мегардонад.

Дар давоми соли 2019 ҳодисаҳои нанговар 14 маротиба ба вуҷуд омада, дар натиҷа шаҳрвандон ҳалок ва ярадор гаштанд. Идомаи он дар соли 2020 низ дида шуд. Ҳарчанд сарони давлатҳои ҳар ду ҷониб ба мусолиҳа омада, вазъияти ба вуҷуд омада ҳаллу фасл гардида бошад ҳам, ҳодисаи охирон нишон дод, ки ҷонибҳо ҳоло ҳам ба пуррагӣ моҳият ва мазмуни онро дарк насохтанд.

Суоле пайдо мешавад, ки ин амалҳои нанговар ба кӣ зарурат дорад? Кӣ аз он манфиатдор мебошад? Амалҳои иғвогароёна ва ҳодисаҳои моҷароангез дар минтақаи наздисарҳадӣ ба халқи ҳар ду ҷониб тамоман лозим нест!

Ўлмасова М. сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ