Ҳамкории ТЭТ ҲНИ бо созмонҳи САҲА
Дар минтақаи Шарқи наздик гурӯҳҳои иртиҷоӣ хеле ба ҳаракат омадаанд. Онҳо мехоҳанд бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ ва дигар гурӯҳу созмонҳои ғайридавлатӣ амалҳои разилонаи хешро амалӣ намоянд. Аз ин рӯ воқеаҳои сиёсии солҳои охир нишон медиҳанд, ки сарчашмаи асосии таҳдид ба амнияти минтақаи Осиёи Миёна ифротгароии динӣ, сепаратизми миллӣ ва терроризми байналхалқӣ махсуб меёбанд, ки ба сохтори конститутсионӣ, ягонагӣ ва дахлнопазирии сарҳади кишварҳоро зери хатар қарор дода истодааст. Амалҳои ифротгароёнаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ба ҳамаи мамлакатҳои минтақа таҳдид намуда, дар ҳудуди онҳо доман паҳн намуда истодааст.
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ якчанд омилҳое маҷуданд, ки метавонанд ба амнияти он рахна ворид созанд. Аз ҷумла, дар афкори қисми аҳолии минтақа як ҷаҳонбинии эгоистӣ маҷуд аст. Маркази он ҷаҳонбиниро бо воситаи яроқу аслиҳа амалӣ сохтани ин ё он кор то ба ҳол боқӣ мондааст. Ин раванд дар давлатҳое дида мешавад, ки дар онҳо муноқишаҳои дохилӣ ба миён омадаанд ё шуда гузаштаанд. Зеро мавҷудияти муноқишаҳои дохилӣ ба гурӯҳҳое муайян имконият фароҳам меоварад, ки худро дар мисоли давлат ё мақомоти қудратӣ ҳисобанду дар дохили давлат боз давлатчаи нави худро арзӣ ҳасти намоянд. Баъди фурупошии Иттиҳоди Шӯравӣ дар аксари давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муноқишаҳои дохилӣ сар заданд, ки мисоли равшани онро мо дар ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дидем. Маҳз сар задани ҷанг боис шуд, ки дар мамлакат давраи бесарусомонӣ ҳукмфармо гардид. Дар муддати чандин сол дар Тоҷикистон муноқишаи дохилӣ идома ёфта, ба амнияти кулли минтақа таъсири худро расонид.
Дар сари гурӯҳҳои мухолифини Тоҷикистон ҲНИ ва тарафдорони ӯ меистод. Гурӯҳҳои ифротӣ алайҳи ҳокимияти расмии кишвар солиёни зиёд мубориза бурданд. Лек дар охир шикаст хӯрда раванди сулҳро пеш гирифтанд, ки ба тинҷиву оромии минтақа нақши муассир гузошт.
Гурӯҳи дигари ифротие, ки дар давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ доман паҳн намудааст, ин «Ҳизб-ут-таҳрир» мебошад. «Ҳизб-ут-таҳрир» барои сохтмони хилофати исломӣ баромад мекунад, ки ба он тамоми давлатҳои минтақа ва Афғонистону Покистон шомил ҳастанд. Тибқи маълумотҳо зери қаноти ҳизби номбурда ташкилотҳои динии ифротӣ паноҳ мебаранд, ки дар худ мақсади бо роҳи зўрӣ ба даст овардани ҳокимиятро пеша мекунанд. Равияи мазкур дар давлатҳои Қирғизистон ва Қазоқистон тарафдорони зиёд дорад. Ин гурӯҳи иртиҷоӣ низ ба амнияти минтақа таъсир мерасонад.
Ба даст овардани истиқлолият аз ҷониби кишварҳои Осиёи Марқазӣ ба пурзўр шудани мубориза барои барқарор кардани давлати мустақили уйғурҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии мухтори Синзяни Ҷумҳурии мардумии Чин мусоидат кард. Нақшаи уйғурҳо ба Осиёи Марказӣ низ паҳн гашта, сепаратистон онро Туркистони шарқӣ ном мебаранд, ки гўё аз ҷониби империяи Русия бахшида (аннекция) шуда бошад. Дар ҳудуди минтақа фаъолияти якчанд ташкилотҳои самти сепаратистӣ ва террористӣ доштаи уйғурҳо ба қайд гирифта шудааст. Ҳаводиси моҳи майи соли 2005-ро дар Андиҷон баҳо дода, мутахассисон он далелро сарфи назар карданд, ки дар вилояти Андиҷон 14 ҳазор уйғурҳо иқомат мекунанд, ки ба мисли артиши 400-ҳазорнафараи диаспораи уйғурҳои Осиёи Марказӣ ғояи сохтани Уйғуристони мустақилро тарафдорӣ менамоянд. Андиҷон, Қўқанд ва як қатор маконҳои аҳолинишини Қирғизистон бо Синцзяни ҷанубӣ ба доираи ғарбии паҳни сепаратизми уйғурӣ шомил мебошад. Ифротиёни мазҳабӣ ва сепаратистони уйғурӣ барои амалӣ сохтани мақсадҳои хеш террор ва экстремизмро ҳамчун василаи мубориза васеъ истифода мебаранд.
Баҳри ҳимояи амнияти минтақаи Осиёи Марказӣ бояд давлатҳои он дар якҷоягӣ фаъолият намоянд. Баҳри густариши ақидаҳо ифротӣ дар ҷомеа монеа эҷод намоянд. Монеаи аввалин ин саводнокнамудани мардуми минтақа аст. Динро аз сиёсати олудаи гурӯҳҳо бояд тоза намуд.
Дар ҳамаи ин ҳодисаҳо ва корҳое, ки дар давлатҳои Осиёи Марказӣ шуда мегузарад албатта дастгирии созмонҳои байналмиллалӣ, аз ҷумла САҲА дида мешавад. Бинобар ин мо бояд дар ҳамкорӣ бо ин гуна созмонҳо бо эҳтиёт бошем.
Шарипова М. – дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷик