Ҳафтаи “Поси хотир” дар факултети педагогӣ
Дар факултети педагогии Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” бахшида баҳафтаи “Поси хотир” маҳфили илмӣ–адабӣ таҳти унвони “Вохӯрии наслҳо” ташкил ва гузаронида шуд.
Дар маҳфил устодон доир ба масоили «Саҳми ҷавонони тоҷик дар ғалабаи Армияи Шӯравӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!», «Аз дафтари хотираҳо…» маъруза карда, аз далерӣ ва мардонагиву ватандӯстии ҷанговарони шуҷои тоҷик ҳикоят намуданд.
Байни донишҷӯён ва устодон оид ба ҳаёт ва корнамоиҳои як қатор ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ табодули афкор сурат гирифт.
Маркази иттилоот ва таҳлил