Ҳадафҳои нопок дастгирӣ нахоҳанд ёфт

Барои халқи тоҷик ҷанги шаҳрвандӣ як дарси ибратомўз буд, ки хеҷ гоҳ аз хотираҳо фаромўш намешавад. Мардуми тоҷик намехоҳад, ки дубора ба доми найрангу фиреби шахсони хоин ба мисли Муҳиддин Кабирӣ ва Илҳом Ёқубов гирифтор шаванд.

Ягон террорист наметавонад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиклол ва ободу зебо нақшахои нопоки худро амалӣ гардонад, зеро мардуми шарафманди тоҷик имконият намедиҳад, ки чунин шахсондар Тоҷикистон кор ва фаъолият баранд. Илҳом Ёқубов бо баробари пайравӣ ба амалҳои хоинонаи ин ҳизби ифротгаро,ў як умр аз хотири мардуми тоҷик ва насли оянда, ҳамчун хоин ва ватанфурўш нақш хоҳанд баст. Ин ашхос ба гузаштаи хеш ва давлату миллат иснод меоваранд. Зеро аз рўзҳои аввали фаъолияташон онҳо ҳамеша бадандешиву бадниятиро дастури худ қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам амал мекарданд. Маҳзбо чунин андешаҳои ғаразноки хеш онҳо бори дигар хостанд, мардумро гумроҳ карда, байни ҷомеа кинаву адоват паҳн намоянд. Чунин шахсон тайёранд, бо маблағҳои ҳоҷагонашон дарТоҷикистон дилхоҳ супоришу ҳадафҳои нопоки сарпарастонашонро иҷро намоянд, ҳатто тайёранд Ватан – модар барин арзишҳоро ба маблағҳои ночиз фурўшанд. Аз террорист ҳама чизро интизор шудан мумкин аст. Зеро аз Илҳом Ёқубов ва аъзои фаъоли ҲНИ ҳар гуна макру ҳилларо интизор шудан метавон. Илҳом Ёқубовва фаъолони дигари ҲНИ мисли рўбоҳ ҳастанд, ки дар камтар имконият бо маккру фиребаш мехоҳанд, таваҷҷуҳи мардумонро ба худ ҷалб намояд , аммо хадафҳои нопоки онҳо дастгирӣ нахоҳанд ёфт.

Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ