Ғуломе, ки даъвои озодиро дорад.

Илҳом Ёқубов як нафари фирефташуда ва хоин буда, бозичаи дасти ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ гардидааст ва мо андешаҳои бебунёди онро, ки тавассути баромади худ дар шаакаҳои иҷтимоӣ ва махсусан дар Конфронси Варшава иброздошт маҳкум менамоем.

Дар адабиёти шифоҳии мардуми тоҷик гуфтае мавҷуд аст, ба он маъно: «Ҳар касе аз гузаштаи худ ибрат намегирад, инсон нест». Вақеан бархе одамонро ғунҷоиши хотираашон он қадар маҳдуд аст, ки ҳама чизро зуд ба боди фаромӯшӣ медиҳанд. Ҳатто бадтарин гуноҳ, сангинтарин хиёнат ва хунбортарин рӯзҳоро… Вагарна кадом марде баъд аз қудратталабиву тафриқаандозӣ ва хиёнатҳои пайдарпай ба Ватан боз дар рӯзҳои баргузории ҷаласаи САҲА дар Варшава дар назди миллату халқиятҳои бегона обрӯи давлату миллати хешро паст занад.

Ба рӯй пӯсти хеле ғафс аз бешармию беҳаёӣ бояд кашид, то Ватан ва миллати худро бифрӯшӣ ва обрӯву нуфузи онро пеши ҷомеаи ҷаҳонӣ зери суол гузорӣ. Муҳаммад Ҳиҷозӣ хеле бамаврид гуфтааст, ки лоиқи сари андеша кушодан аст: «Фидокорону ҷонбозони сиёсӣ бештар онҳое ҳастанд, ки мақсудро нафаҳмидаанд».

Акнун ин нафарон имрўз дар бораи озодии забон ва шаҳрвандон ва озод кардани маҳбусон ҳарф заданӣ мешаванд, ки дуруст нест. Пас ба Илҳом Ёқубови бесавод гуфтанӣ ҳастам, ки то забони русиро як бор дуруст омўзаду баъд дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон, ки айни ҳол дар озодӣ қарор дорад, ҳарф занад. Илҳом Ёқубов бояд донад, ки агар озодии сухан дар Аврупо таъмин бошад, ў бо ин саводу дониш бояд ба минбар САҲА роҳ намеёфт. Зеро аробаи холии ў ба дурустӣ ба манзил намерасад. Илҳом Ёқубовро ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони хориҷиаш аз ҳамин бесаводиаш истифода бурда, бо маблағҳои калон ба доми худ кашидааст. Зеро ӯ савдогар буда, пулронағз мебинад. Вай асосан бо мошинҷаллобӣ машғул буда аз давлатҳои Авропа мошинҳоро бо нархи арзон харидорӣ намуда тавассути миёнаравҳои худ ба фурўш мемонад. Барои вай кишвар ва хонаву дар ягон моҳият надорад. Агар заррае дар дили ў ҳиссиватандўстӣ ва бунёдкоривусозандагииТоҷикистони азизвуҷуд медошт, ҳаёти худро дар ғарибӣ нагузаронида, дар кишвари худ кору фаъолияти ҳалол мекард. Лек барои ӯ хизмат ба хоҷаи худ, аз кори ҳалол болотар меистад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ