Гирдиҳамомадагони Берлин як тӯдаи ифротгароён

Аъзоёни наҳзат пайваста кӯшиш менамоянд, ки амалҳои нопок ва ғайриқонунии худро бо роҳҳои гуногун рӯйпӯш намоянд ва ба хоҷагонашон нишон диҳанд, ки тарафдорони наҳзат маблағҳои хоҷагонро “самаранок” истифода намуда истодаанд. Инчунин аъзоёни наҳзат бо амалҳои мазкуррашон дар назди роҳбарони аврупоиашон вонамуд менамоянд, ки наҳзатиҳо паноҳандагии сиёсиро “ҳалол” кардаанд.

Вале террористони наҳзатӣ руҳияи озодихоҳӣ, ватандўстӣ ва созандагии мардуми моро шикаста натавонистанд. Тамоми мардуми огоҳи Тоҷикистон бо зоҳир кардани ҷасорату матонат ва далерӣ дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат ва Роҳбари давлат муттаҳид шуда, дар Тоҷикистони азизи мо дубора сулҳу ваҳдати миллиро барқарор намуданд. Роҳбарону фаъолони Ҳизби наҳзати исломӣ бо вуҷуди баъди имзои созишномаи сулҳ авф гардидан ва аз имкониятҳои фаровони иштирок дар ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар бархурдор будан, аз роҳи террору зуроварӣ ва мақсади ғасби ҳокимият даст набардоштанд. Наҳзатиҳо ҳатто хиёнаткорона кўшиши табаддулоти ҳарбӣ карданд, ки ин амали нангинашон боиси мамнӯъ ва террористӣ эълон гардидани Ҳизби наҳзати исломӣ шуд.

Аслан, мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон як омили хатарноке буд, ки ба пешрафти кишвари мо аз ҳар ҷиҳат монеа эҷод мекард. Баъди аз байн рафтани ин монеа, дар се соли охир мо шоҳиди рушди бемайлони соҳаҳои иқтисоду ҳаёти кишварамон гардидаем.

Мо, тоҷикон миллати хешро ба таври арзанда муаррифӣ намуда, қотеъона ҳама гуна баромадҳои зиддимиллии роҳбар, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломиро комилан маҳкум мекунем.

Мо тоҷикону тоҷикистониён бори дигар таъкид мекунем, ки муқобили аз номи тоҷикони муқими Аврупо сухан гуфтани як тӯдаи ифротгароён ҳастем ва зиёдтар аз ҳама, ташкили пикетҳоро алайҳи миллати тоҷик маҳкум менамоем!

Изҳороти устодони кафедраи

умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ