Гирдиҳамоии намоишкоронаи террористон (Изҳороти сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳӣ психологияи умумӣ Солибоев Ҳакимҷон)

Гирдиҳамоии ташкилкардаи нафарони ғаразноку фурухташудаи муқими кишвари Олмон натиҷааш барои ҳамаи мо сокинони кишвар ба таври офтоб маълум мебошад. Одамоне, ки дар кўча ҷамъ омада, ба унвони гирдиҳамоӣ дар назди сафорати Тоҷикистон дар кишвари Олмон барои озодии дусе хоини ҳаммаслакашон шиорҳо партофта баромад карданд, аъзои якчанд оилаҳо мебошанд. Ин оилаҳо аз ҳисоби хиёнатҳои шавҳаронашон зиндагии «осоишта» ба сар бурда, бо ташкили чунин майдонишиниҳо пул ба даст меоваранд. Тавре мо мушоҳида намудем, чунин корҳои намоишкоронаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар давоми хеле зиёд буд ва онҳо ба ягон муваффақият ноил намегардиданд. Зеро бо ҷамъ овардани як ду мошинҷаллобу савдогари бозорӣ нақшаҳои «бузург»-ро наметавон амалӣ кард. Ба Муҳиддин Кабирӣ, ки як одами номуваффақ ва хиёнаткор дарарсаи олам шинохта шудааст, як маслиҳати дўстна медиҳем, ки аз корҳои разилонааш пушаймон шуда, бар корҳои бемантиқу аҳмақона хотима бахшад, омада сарашро дар пеши пойи Сарвари давлат барои авфи гуноҳҳои кардааш гузорад то бахшида шавад. Зеро мо боварии комил дорем, ки Ҷаноби Олӣ иродаи бахшидану авф кардани чунин хиёнаткоронро доранд ва аз гуноҳи охирин хиёнакори Ватан–Муҳиддин Кабирӣ низ мегузаранд. Агар хуни ягон мусалмон бар гардани ў набошад. Лекин мо боварии комил нуфта метавонем, ки «Гургзода гург шавад». Ин зархарид дигар роҳи баргашт надорад. дар сурати роҳи салоҳро интихоб кардани ў роҳбарори хориҷиаш то Тоҷикистон баргаштани Муҳиддин Кабирӣ ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида бо як балворо бар гардани Тоҷикистон бор мекунанд. Ба таъбири дигар ин хиёнати Муҳиддин Кабирӣ барои тоҷикони дохил ва хориҷи кишвар бисёр гарон аст. На аз мурдааш манфиату на аз зиндааш.

Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол гирдиҳмоии аҳмақонаи хиёнаткорону ифротгароёни ТТЭ ҲНИ–ро маҳкум карда, барои якпорчагии кишвари худ муборизаи беамон мебаранд ва ин мазҳабфурушонро дигар ҳамчуни одами солим ҳисоб намекунанд.

Изҳороти сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳӣ

психологияи умумӣ Солибоев Ҳакимҷон

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ