Гирдиҳамоӣ магар ягон натиҷа медиҳад?
Ман, аз васоити ахбори омма дарёфтам, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ– экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд. Гарчанде ки амалҳои худро зери пушиши созмони ба ном “Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон” анҷом медиҳанд, аммо дар асл ҳамон “наҳзатиҳо” ва “ваҳҳобиҳое”- е мебошанд, ки аз амалҳои террористии худ дар назди ватану миллат шарм дошта, гуреза гардиданд ва акнун мехоҳанд, ки худро сафед намоянд. Лекин мардуми тоҷик он ҳодисаҳои мудҳиши солҳои аввали истиқлолиятро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд.
Онҳо як бор ҳамин гуна гирдиҳамоиҳоро соли 1992 ташкил карда буданд ва натиҷааш он шуд, ки дар кишварамон ҷанги дохилӣ сар заду боиси кушта шудани зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандон ва бехонумон гардидани ҳазорон нафар гардид. Ҳамааш аз ҳамин гирдиҳамоии ваҳҳобиҳою наҳзатҳо сар шуда буд. Аввал як қисми мардумро бо роҳи таблиғотии ифротгароёнаашон гумроҳ карда, дар майдон ҷамъ оварданд. Баъд ба даст аслиҳа гирифтанду ба қатлу террор ва ғоратгарӣ даст заданд. Мехостанд бо роҳи зурӣ ҳокимияти сиёсиро ба даст оранду тибқи дастури хоҷагони хориҷиашон сохти давлатдории кишварамонро тағйир диҳанд. Яъне мехостанд озодии мардумро ба ғуломӣ, дунявияту демократияро ба зулмоту истибдод иваз намоянд. Ҳар касе ақидаи ба онҳо мухолиф дошт, мавриди таъқибу фишор қарор медоданд ва нобуд мекарданд
Аз давраи аввали пайдоиши ин ҳизб, маълум буд, ки наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуд аст, лекин “зиндониёни сиёсӣ”-е, ки онҳо дарназардоранд, дар асл ҳамон ҷинояткорон ва ифротгароне мебошанд,, ки гумроҳгардиданд. Имрӯз онҳо шояд аз кардаи худ пушаймон бошанд ва гумон мекунанд, ки роҳи дигар нест ба ғайр аз гирдиҳамои баромадан ё ки амали террорестӣ содир намудан ва бо ин васила аз душманони хориҷии Тоҷикистон маблағ барои зиндагии худ ба дастоварданд. Айни замон Пешвои миллати мо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон хеле раҳмдилу меҳрубон ҳастанд, ба ашхосоне, ки аз кардаи худ пушаймонанду куштор содир накардаанд барои бозгаштан баватан иҷозат медиҳанд.
Мардуми Тоҷикистон ва аксарияти шаҳрвандони дар хориҷ буда дигар вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста мебошад. Ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад. Башахсоне, ки ба чунин гирдиҳамоӣ ва чорабиниҳое аз ҷониби ҳизби ифротгарои наҳзати ислом, ки чӣ дархориҷи кишвар ва чӣ дар дохил баргузор мегардад, ҳамроҳ мешаванд, муроҷиат карда гуфтаниам, ки вақти худро беҳуда масраф накунед, чи хеле, ки дар замони Эҳёи Аврупоӣ намояндагони ҳаракати ислоҳотчигӣ гуфтабуданд, ки беҳуда масраф кардани вақт ин гуноҳи азимест дар назди худованд. Онҳо даъват ба ободкорӣ созандагӣ, ихтироъкорӣ ва меҳнати ҳалол мекарданд, ки дар натиҷаи дарки чунин арзишҳо ҳамон Олмоне, ки дар он ҷо наҳзатиён паноҳ ёфтанд ва умуман кишварҳои Аврупо рӯ ба тараққиёт ниҳоданд. Шумо ҳам агар заррае ҳисси худшиносии миллию ватандӯсти доштабошед, аз паи ихтироъкориву илмомӯзӣ гардед ва барои зиндагии осудаҳолонаи тамоми мардуми тоҷик ва рушди иқтисодии Тоҷикистон саҳмгузор бошед.
Каримов Темурҷон
мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалии донишгоҳ