Гирдиҳамоӣ дар қаламрави кишвари бегона чӣ фоида дорад?
Имрӯзҳо дар Берлиннохалафон аз хориҷ ба суйи ин ватани рӯ ба рушд халал мерасонандва пешравиҳояшро чашми дидан надоранд. Мақсади асосии онҳо паст кардани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Масъалаи ҳифзи нангу номуси миллӣ, нигаҳ доштани обрӯву нуфузи мамлакат ба онҳо заррае аҳамият надорад. Онҳо ба мисли девонагонанд, ки ба кори нопоки худ ҳушёранд.
Нақшаи навбатитии ин хоинони миллат, аниқтараш Созмони наҷоти зиндониёни сиёсӣ, дар шаҳри Берлин ташкили гирдиҳамоӣмебошад. Ин кори онҳо маънои иғвоангезиро дорад ва дар ин радиф маблағгузорону хоҷагони молиявии худро бовар мекунонанд, ки фаъолият карда истодааст .
Аз ин лиҳоз, ҳамватанон, бахусус ҷавонони азизи моро мебояд хубтару бештар аз ҳадафҳои нопоки ин ташкилоти ифротию террористӣ биандешанд. Барои ҳамин шаҳрвандон ва ҷавонони моро мебояд ба ақидаҳои носолими онҳо гӯш надода, ба ояндаи нек талош варзанд.
Ҳама вақт ақли солимро кор фармудан лозим аст. Ақли солим, таҳлили амиқ карда тавонистан моро ба пеш мебарад. Моро аз фитнаҳои нохалафони миллат наҷот мебахшад.
Доимо бояд ҳар кас коре кунад, ки оқибат ба пушаймонӣ набарад.
Марҳабо Қосимова – н.и.филол., дотсент, мудири кафедраи забонҳои форсӣ ва хитойии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров