Гирдиҳамоӣ дар Олмон

Тавассути воситаи ахбори омма дарёфтем, ки якчанд нафар роҳбарону фаъолони ташкилоти террористӣ–экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ гирдиҳамоие дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин ташкил кардаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон сулҳу оромӣ ҳукмфармост ва ҳама сокинон бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои ободтар кардани ватани худ ва беҳтар сохтани зиндагӣ заҳмат мекашанд. Маҳз баъди заиф гардидани ТТЭ ҲНИ ва аз саҳнаи сиёсӣ дур шудани он шароити мувофиқ барои пешрафту тараққии кишварамон ба миён омад, аммо наҳзатиҳо пешравии Тоҷикистонро намехоҳанд. Сиёҳдилию бадхоҳии онҳо аз навиштаҳояшон, ки дар расонаҳои ифротии худ паҳн мекунанд, баръало маълум аст. Бо ташкили гирдиҳамоӣ мақсад доранд, ки номи кишварамонро бадном кунанд. Онҳо ба Ҳукумат туҳмат мекунанд, ки гӯё дар кишварамон зиндониёни сиёсӣ мавҷуданд, лекин «зиндониёни сиёсӣ»-е, ки онҳо дар назар доранд аслан ҳамон ҷинояткорон ва «ДОИШ»-иҳои наҳзатианд.

Айни замон мардуми Тоҷикистон ва аксари шаҳрвандони дар хориҷ буда вазъиятро хуб медонанд ва аз мақсаду мароми бадхоҳонаи наҳзатиҳо огоҳанд. Аз ин рӯ, кӯшишҳои фаъолони назҳатӣ барои расидан ба мақсадҳои худ бо роҳи доир кардани гирдиҳамоӣ дар Берлин беҳудаанд. Ин гирдиҳамоӣ не, балки ҷамъомади хешовандону пайравони Кабирӣ ва чанд нафари аз ҷиҳати молиявӣ ба вай вобаста мебошад. Ҳар тоҷику тоҷикистоние, ки заррае Ватану миллаташро дӯст медорад, ҳаргиз ба ин ҷамъомади душманон ва бадхоҳони Тоҷикистон ҳамроҳ намегардад.

Аз ин лиҳоз, Ҷамъияти тоҷикони Эрон баргузории ин гирдиҳамоиро дар Берлин аз ҷониби тӯдаи «кабирисифатҳо»-и палид ва Ҳукумати Олмонро барои иҷозат додан ба ин чорабинӣ маҳкум менамояд ва муқобили сухан гуфтани онҳо аз номи тоҷикони обрӯманди Аврупо мебошад. Инчунин, аз тамоми тоҷикистониёни муқими Олмон даъват карда мешавад, то ба кирдорҳои иғвоангези ин тӯдаи нобакор фирефта нашаванд ва пайрави Пешвои муаззами миллат бошанд.

(Изҳороти муаллими кафедраи баронмарезӣ Абдураҳимов О.З)

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ