Гирдиҳамоӣ - як фитна ва ё амалиёти иғвогаронаи мухолифони тоҷик

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон эълом доштааст, ки санаи 10-уми декабри соли ҷорӣ гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар баробари Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор хоҳад шуд. Эъломи мазкур аз мақомоти Тоҷикистон дархост намудааст, то фавран дархости Кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро дар хусуси озодии зиндониёни сиёсӣ: асосгузори гурӯҳи “Тоҷикистони нав”, собиқ вазири саноат – Зайд саидов, муовини роҳбари собиқ ҳизби террористӣ эълонгардидаи Наҳазати исломии Тоҷикистон – Муҳаммадалӣ Ҳаит, вакили дифоъ Бузургмеҳр Ёров, ки аз 28 сол то ҳабси абад маҳкуми зиндон шудаанд, ҷавоб гӯяд. Фузун бар ин кумитаи мазкур аз созмонҳои байналмилалӣ даъват ба миён овардааст, то аз мақомоти Тоҷикистон гузориши комилеро дар мавриди парвандаи ҷиноии зидди башарӣ ва тибқи қонунҳои Тоҷикистон муҷозот гардидаанд, талаб намоянд.

Дар эъломияи Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон нуктаи басо ғайримунсифона он аст, ки онҳо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост намудаанд, то кӯмакҳои молии худро, ки ба хотири таҳкими демократия ва амнияти кишвар ба мардуми Тоҷикистон қисмат кардаанд, қатъ созанд, зеро ин маблағҳо дар саркӯбии озодандешони кишвар масраф мешаванд.

Ин гуна андешаҳо ва ё даъватҳое, ки кумитаи мазкур иброз доштааст, мо мардуми ватанхоҳу ватандори Тоҷикистонро бетараф ва дар канор гузошта наметавонад. Дар ҳоле, ки ҳазорон нақшаҳои ободиву озодии ин Ватан ва ин халқу миллат амалӣ гардидаанд ва Тоҷикистон сол то сол дар ҳар самту соҳа рушд дорад, ин гуна чирк ҷустанҳо аз гиребон ҳеҷ суде нахоҳад дошт.

Ҳар инсони соҳибхирад хуб медонад ва дарк хоҳад кард, ки ин даъват сарчашмаи ихтилофангезӣ ва нооромии на танҳо тоҷикони муқими кишвар, балки тамоми тоҷикони дунё хоҳад шуд. Зеро даъвати КШКГЗСТ ба гирдиҳамоӣ на танҳо аз мардуми Тоҷикистон, балки аз тоҷикистониёни муқими Аврупо, ҳизбу ҷунбишҳо ва алақамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон низ ба амал оварда шудааст. Ин амали кумитаро метавон як фитна ва ё амалиёти иғвогаронаю нотавонбинонаи мухолифони тоҷик донист. Мусаллам аст, ки паёмадҳои нохуш ва зарарҳои фитна аз хунрезиву куштор низ бештару вазнинтар хоҳад буд. Пас, ин амалиёти фитнаангезро як ҳилаи дигари нооромсозии фазои кишвар, барҳам додани иттиҳоду иттифоқи мардуми шарифи Тоҷикистон метавон ном гирифт. Азбаски рӯзҳои наздик сисилаи чорабиниҳои сиёсӣ (Рӯзи Конститутсия, Рӯзи Президент, Рӯзи Парчами давлатӣ) ва ба истифода додани чархи аввали НОБ-и Роғун дар Тоҷикистон мардуми шарафманди онро дар рӯҳияи идона ва боландагиву ифтихор аз халқу Ватан медошт, кӯтаҳназарон ва нотавонбинони миллатро наметавонист ором гузорад. Даъват ба гирдиҳамоӣ гунаи дигари изҳори ҳамин гуна парешонӣ ва ноором сохтани фазои осуда ва ободи Тоҷикистон аст. дар фароварди сухан мехоҳам аз забони бузургвор устод Лоиқ бигӯям:

Дар раҳи фардои миллат камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз фурӯғи рӯзи миллат, бемуҳобо, хонаи душман бисӯзад.

Бердишукуров Абдунаим мудири кафедраи

умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ