​Гирдиҳамоӣ дар Олмон дасисаи нав зидди сиёсати Тоҷикистон

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои рӯбатараққӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон ба шумор рафта аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатии хеш қадамҳои устуворро дар рушду нумўи кишвар гузошта истодааст. Бо вуҷуди ин, як гурўҳ мардуме, ки берун аз марзи Ҷумҳурӣ зиндагонӣ мекунанду худро тоҷик муаррифӣ менамоянд, ба сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистони соҳибистиқлол халал ворид месозанд. Онҳо бо ташкил намудани гирдиҳамоӣ, нашр намудани афкори фитнаангез дар шабакаҳои иҷтимоӣ баъзе аз аҳолии кишварро ба корҳои ғайриқонунӣ даъват намуда ба шомил шудани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои гуногуни ифротгаро заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Баргузории гирдиҳамоӣ дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ин як макру ҳилаи дигаре аз ҷониби мухолифини тоҷик барои бадном намудани Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Онҳо мехоҳанд, бо ин роҳ гунаҳгорони сиёсие, ки дар зиндонҳои Тоҷикистон ҳастанд, озод намуда, сафи пайравони гурӯҳашонро васеъ намоянд ва ҳамчунин худашонро дар байни мардум чун шахсони ватандӯсту мубориз муаррифӣ намоянд.

Мо омӯзгорон, ин ҳаракати ғайриқонуниро маҳкум менамоем, ва ба барои рушди минбаъдаи кишварамон монеъ шудани онҳо роҳ намедиҳем. Ба мардуми Тоҷикистон гуфтанием, ки ин таҳрикоти онҳо танҳо ифротгароӣ ва дасисае бар зидди сиёсати пегирифтаи Пешвои миллат аст.

Изҳороти омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии

забони тоҷикӣ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ