Гирдиҳамоии КШКГЗСТ дар Берлин
Душманони хориҷӣ ва дохилии кишвари азизамон -Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ хеле боло рафтани мамлакатамонро зери роҳбарии Пешвои миллати муосири тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дидан намехоҳад. Баъди кушодашавии чархаи нави НОБ-и Роғун бӯҳтонсароии онҳо авҷ гирифт. Ягона мақсади тӯҳматгароёни миллати тоҷик рахнаи сулҳу оромии Тоҷикистон мебошад. Он вайронкунандагони ҷамъияти муосири тоҷик роҳбарон ва фаъолони ташкилотҳои дар ҷамъият мамнӯъ мебошанд.
Он фаъолони ташкилотҳои дар ҷамъият мамнӯъ кирдорҳои ғайриинсононаи террористии ҳизбҳои наҳзати исломиро нодида гирифта, шарм надошта дар давлати бегона гирдиҳамоӣ ташкил карданду, ягон тоҷики асил онҳои бечораро дастгирӣ накард. Яъне тарбуз дар бағали онҳо наистоду афтид.Гирдиҳамоиташкилкунандагон бо маводҳои хабарии тӯҳматсароёнаашон бе тарбуз монданд.
Эҳ бечораҳо аз ин мондаю аз он ронда шуданд. Дар ба дари халқи мамлакати бегона гаштаанду боз тавба накарда фисқу фасодҳои навро дар байни мардум паҳн карда истодаанд.
Он ифротиён яъне тарафдорони наҳзат ба хоҷагонашон нишон доданӣ шуданд, ки маблағи додаи онҳоро самаранок истифода бурда истодаанд. Вале худ бехабар монданд, ки тӯҳмати навбатиашон дар шакли гирдиҳамоӣ бесамар монд.
Санаи 10.12.2018 –ро ба фикрашон ба санаи таърихӣ мубаддал доданӣ буданд, вале номи худи онҳо бо шармандагӣ дар таърих монд. Акнун онҳо яккаву танҳо дар ба дари мамлакатҳои хориҷӣ аз паи бӯҳтонҳои навбатӣ мебошанд. Дар гирдиҳамоии бедастгирии онҳои “ватандӯст” замин накафид, ки дароянд. Замин ҳам медонад, ки киро фурӯ барад. Ба онҳо ҳайфи хоки замини Ватан!
Онҳо“Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон”-ро муҳофизат мекунем гуфтанд, аммо мақсади ягонаи онҳо дар амал татбиқ намудани ва баланд бардоштани обрӯи наҳзатиён буд.
Шиори онҳо дар таҳти ҳифзи ҳуқуқи маҳбасон “Наҳзат пуштибони аслии ДИИШ дар Аврупост” аст. Дар вақти барпо намудани гирдиҳамоӣ онҳо ба дастгирии гурӯҳҳои хиёнаткори дохилӣ умедворӣ кашиданд, вале орзуи онҳо ҷомаи ҷандаеро низ ба бар нанамуд.
Дар гирдиҳамоии баргузоркардаашон наҳзатиёни ифротӣ танҳо як мақсад доштанд, ки ин ҳам бошад ба террор даст задан буд.
Ҳамин тавр, онҳо “миллатдӯстон”-и майдонғариби тоҷик гирдиҳамоии бедастгирии мардуми тоҷик баргузор карданӣ шуданд вале амалҳои носавобашон мақсади онҳоро ба тамоми тоҷикон ошкор намуд. Рӯи дастгириро надиданд. Ҳеҷ гоҳ амалҳо ва мақсадҳои вайронкунандаи ҷамъияти муосири мо дастгирӣ нахоҳад гардид.
Ибрагимова Р.А.-дотсенти кафедраи
тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ