Гирдаҳамоии зархаридони хориҷӣ

(Изҳороти мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ Сангинова Шаҳноза Абдурашидовна оид ба гирдаҳамоии зархаридони хориҷӣ дар Олмон)

Мо тоҷиконем, бале тоҷикони асил. Ҳақ будани ин суханҳоро тамоми халқҳои ҷаҳон тасдиқ мекунад, зеро мо тоҷикони соҳибтамаддунро Пешвои миллат ба ҷаҳониён шиносонд ва тавонист тоҷикони қарни навро бо давлати соҳибистиқлолаш – Тоҷикистон муаррифӣ намояд.Шинохтани як давлати соҳибтаърих ба тамоми олам барои душманони инсоният, бӯҳтонсароёну иғвогарони ҷаҳони муосир, халалрасонандагони оромии миллати тоҷик зарбаи сахт аст, ки ин хоби онҳоро паронида онҳои ба фикри худ гӯиё ҳақиқатҷӯйро ноором карда истодааст. Он шахсони нооромгаро ҳамеша дар назорати давлати орому осоиштаи мо мебошанд то хатогие ва ё норасогие дар ҷамъият рух диҳаду ба онҳои “сулҳҷӯй” дастаке барои муборизаи идеологӣ гардад. Он душманони миллати тоҷикро воқеотҳои охирини дар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо дастгирии онҳо баргузор гардида таскин нанамуд. Онҳоиазизу ба халқ меҳрубон азбаски ба халқу ватан ва миллати худ ягон ёрии маънавӣ ва ё моддиро албатта дареғ медоранд, гарчанде нооромӣ онҳоро болидахотир карда бошад ҳам боз аз паи дигар нобасомониҳоанд. Онҳо табиатан муолиҷанашавандаанд.

Ҳоло он душманони бо қавли худ ростгӯю ҳақиқатгӯй гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон баргузор намуданианд. Хоҳиши озодии Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров доранд. Хоҳиши дигарионҳо феҳристи кушташудаҳои воқеот дар зиндони шаҳри Хуҷанд (шаби 7-ум ба 8-уми ноябр) ва хоҳиши дигари онҳо, ки тамоми соҳибидроконро ба ваҷд меорад рӯйгардонидани дигар давлатҳо аз кӯмакҳои иқтисодӣ ба Тоҷикистон аст.

Акнун онҳо тасмим гирифтаанд, ки дар таърихи 10-уми декабри соли равон дар соати 10 гирдиҳамоии бузурги шаҳрвандони Тоҷикистон дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин баргузор намоянд. Ватандӯстӣ ва миллатдӯстии худро на дар мобайни халқи тоҷик дар Тоҷикистон балки дар мобайни бегонагон дар давлати хориҷӣ нишон диҳанд. Дар Тоҷикистон ба мобайни халқ даромада ин гирдиҳамоии худро эълон менамуданд онҳо ғайриихтиёр буғӣ гашта ҷонашонро ба ҷаббор месупориданд.Онҳо танҳо хонашеру майдонғарибанд.

Онҳо яъне талабкунандагони ин дархостҳои дар рӯи бел ҳам намеистодаи худ дар андешаанд, ки онҳои азиз худ ҷоннисори ватананд ва ташкил намудани гирдиҳамоӣ дар мамлакати бегона қаҳрамонист. Ба гуфти халқ “қаҳрамониро дар сарзаминат нишон деҳ”. Дигар халқу миллиятҳои дунё, ки дар арсаи ҷаҳонӣ тоҷикону Тоҷикистонро хуб мешиносад ва дар орзуи дидан ва тамошои ин мамлакати гулгулшукуфтаистода мебошанд низ ба онҳо ба вайронкунандагони ҷамъияти ҳуқуқбунёди тоҷикнафрин мехонанд. Мардуми тоҷик аз ин гирдиҳамоии ташкил намуда истодаи душманони миллат чуқуртар дар бораи онҳо дарк менамояд, ки онҳо ҳақиқатан душманони миллату сарзамини худанд. Вале халқи тоҷик чӣ қадар душворию пастравиҳои зиёдеро аз сар гузаронидабо иғвоҳои нав ба нави душманони миллат одат кардааст.

Халқи ватандӯсти Тоҷикистон ҳамеша дар зери ливои Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мӯҳтарамЭмомалӣ Раҳмондар роҳи ташаккули давлатдории худ ба ин бӯҳтосароиҳои душманони хориҷиву дохилӣ аҳмият намедиҳад, ба ояндаи дурахшони миллату давлати худ назари неку эътимоди комил дорад ва барои бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ, ки албатта дар байни мамолики мутамаддини ҷаҳон мақоми муносиб пайдо мекунад, қувваю ғайраташро дареғ намедорад. Ба гуфтаву бофтаҳои душманони миллат бовар намекунад. Ба душворию мураккабиҳои сиёсати мавҷудаи олам сарфи назар намуда бо талошҳои Пешвои миллат барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми дигар давлатҳо ҳамроҳӣ мекунад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ