Гидиҳамоии наҳзатиён дар Берлин
Дар Берлин қариб ҳар рӯз пикет, митинг ё тазоҳуроте сурат мегирад. Тайи чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомабозиҳои аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ перомуни ташкили кадом пикет дар назди бинои Сафорати Тоҷикистон дар Германия давом дорад.
Як тӯда ашхосон бо як бетамизии ба худашон хос аз номи “тоҷикони муқими Аврупо” баромад намуда истодаанд. Тоифаи мазкур аз роҳбарашон сар карда, то аъзои қаториашон ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ин қитъаи пешрафтаи олам надоранд. Ҷаҳоннигарии танги динӣ, ҷаҳолату хурофотпарастии онҳо ба миллати шарафманди тоҷик ягон иртибот надорад. Амалҳои бетамизӣ дар ниҳоди роҳбар, аъзо ва тарафдорони ташкилоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон экстремистӣ-террористӣ эълоншудаи Наҳзати исломӣ ҷо гирифтааст. Зеро агар чунин набуд, онҳо пикетҳои майда-чуйдаашонро аз номи ташкилоти худашон анҷом медоданд.
Дар замони истиқлолият ва хусусан дар се соли охир Тоҷикистон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба пешрафтҳои беназир ноил гардидааст. Соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетикаю кишоварзӣ, иҷтимоиёту фарҳанг ва маориф мунтазам инкишоф меёбанд ва раванди мазкур дар маҷмуъ ба болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.
Иншоотҳои бузурги саноатию нақлиётӣ ва энергетикӣ, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ босуръат бунёд меёбанд. Симои кишварамон ва махсусан шаҳри Душанбе хеле зебою диданӣ гардидааст. Чунин вазъият дар замони ҳозира шумораи зиёди меҳмонону сайёҳони хориҷиро бо мақсадҳои саёҳату истироҳат ва тиҷорату ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ҷалб менамояд.
Боиси ифтихор аст, ки мақоми Ватани азизи мо – Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ торафт боло меравад. Танҳо дар давоми се моҳи охир дар кишвари мо чандин ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи байналмилалию минтақавӣ баргузор шуданд.
Аммо роҳбарону фаъолони фирории ташкилоти мамнӯъ ва террористии Ҳизби наҳзати исломӣ тамоми ин пешравиҳо ва ободию озодии Тоҷикистонро нодида гирифта, бо мақсади иғвоангезию бадномсозии давлату миллати мо ҳар гуна маводҳои хабарии туҳматкунандаро дар расонаҳои интернетии ифротиашон паҳн менамоянд. Наҳзатиҳо, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта дар Аврупо панаҳ бурдаанд, бо мақсади расидан ба ҳадафҳои нопок ва иҷрои супориши сармоягузорони хориҷиашон мехоҳанд боз ҳам ақидаҳои зиддимиллии худро сари мардум ва хусусан онҳое, ки имрўз дар хориҷа муҳоҷир ҳастанд, бор кунанд.
Изҳороти сармуаллимаи кафедраи технология ва методикаи таълими
факултети санъати тасвирӣ ва технология, Бобоҷонова Ш.У.