Гар шиновар нестӣ, пой бар лаби дарё манеҳ...
Тоҷикистони озоду ободро ҷавонон нерӯбахшанду дурнамои мусаффояшро низ онҳо таъмин месозанд. Барҳақ, Пешвои миллат, Асосгузори ваҳдат, Ҷаноби Олӣ Презинденти мамлакат – Эмомалӣ Раҳмон аз ҷавонон даъват ба амал меоварад, ки дар идоракунии соҳибистиқлол фаъолона, бо иқдому ташаббусҳои созандагӣ, иштирок намояд. Зеро имрӯзу фардои бақои миллат, давлату давлатдорӣ дар дасти онҳост. Даъватҳои Сарвари давлат аз ҷониби кулли ҷавонон дастгирӣ меёбаду самари ин ҳамкориҳо ободиҳои зиёд, созандагиҳои рангоранги диёри азизамон мебошад, ки мо бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунем.
Аммо дар урфият гуфтаанд, ки: «Гул бе хор намешавад» ва мушоҳидаҳо аз ҳаёти ҷавонон инро собит месозад. Миёни садҳо ҳазор ҷавон, меҳнатпарасту бонангу номус ҳастанд. Теъдоди муайяне, ки ҳанӯз ҳам мавқеи худро вазифаи худро дар ҷомеа аниқ интихоб накардаанд, фикру андешаи мустақилонаи худро надоранд. Зуд фирефтаи ақидаҳое мешаванд, ки ҷамъият онро қабул надораду маҳкум менамояд ва шомили ҳаракатҳое гаштаанд, ки зидди давлат равона гаштааст.
Ҳамин аст, ки солҳои охир аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи даҳҳо ҷавонони синну солашон гуногун бо ҷурми пайвастан, ба ҳар гуна ҳифзу ҳаракатҳои экстремистӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ьоло ҳодисаҳое ба чашм мерасад, ки чандин тан ҷавононифирефтаи мо дар амалиётҳои гуногуни экстремистиву террористӣ дар кишварҳои хориҷӣ ба қайд гирифта шудаанд. Бешубҳа, ин ҳолатҳо ҳалли ҷомеаи кунунии моро сахт ба ташвиш овардааст. Бино ба маълумоти сарчашмаҳо феълан, зиёда аз 1000 нафар ҷавонон аз Осиёи Миёна дар кишвари Сурия меҷанганд, худро тоҷик медонанду аз номи Ислом ҳарчанд сухан мегӯянд, вале аз моҳияти Ислом фарсахҳо дуранд. Даъвои молӣ доштан мутаассифона, теъдоди муайяни ҷавонони моро фирефта мекунаду ба доми худ мекашад, ки ин зуҳуроти номатлуб бештар реша медавонад.
Муаммои дигари шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротгароӣ, ки ҳамчун муаммои доғи рўз ба ташвиш овардааст,ин аз паст будани тарбияи баъзе ҷавонони имрўза дарак дода, аз як тараф, қонеъ набудан аз шароити иқтисодию молиявии оила бошад, аз тарафи дигар, аз беэътибории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзандонашон ба ҳисоб меравад.
Бинобар он волидайн, омӯзгорон, тамоми афроди ҷомеаро зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошанд ва ба ҷавонону наврасон корҳои таблиғотию ташвиқотиро пурзӯр намоянд то, ҳар як нафар аз асли он бархӯрдор гардад. Дар он сурат, дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти нангини экстремизми динӣ натиҷаи мусбат ба даст меорем.