Ғафурҷон Усмонов - роҳбари муваффақ ва инсони комил


Бахшида ба 60 – солагии собиқ ректори донишгоҳ, дотсент Ғафурҷон Усмоновконференсияи илмӣ – назариявӣ таҳти унвони «Ғафурҷон Усмонов – роҳбари муваффақ ва инсони комил» дар толори раёсати донишгоҳ баргузор гардид.

Дар он меҳмонон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, устодон, ҳамсабақону ҳамкорон ва хешу пайвандони устоди шодравон Ғафурҷон Усмонов иштирок намуданд.

Дар даромадгоҳи бинои раёсати донишгоҳ аз ҳаёт ва фаъолияти пурсамар, дастовардҳои илмӣ, лаҳзаҳо аз ҷараёни кор кардан ва дар баромаду конференсияҳо иштирок намудани устоди зиндаёд Ғафурҷон Усмонов ба намоиши китобҳою дастовардҳо ва аксҳои устод аз рафти корҳо гузошта шуда буд. Дар як гўшаи дигари даромадгоҳ тариқи манитор намоиши аксҳои устод бо ҳамкорону шогирдон ва иштирокчиёни олиқадр гирифтаашон пешкаши меҳмонон гардонида шуд.

Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илм ва инноватсия, профессор Хайрулло Сабуров ҳусни оғоз бахшида, иштироки меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, аз ғамхориву пуштибонии Роҳбари мамлакат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи маориф ва олимон ёдовар шуд. Ў зимни суханронии худ қайд кард, ки Ғафурҷон Усмонов аз зумраи он олимони нуқтасанҷу нисбати касби худ фидокор ба шумор меравад, ки дар зинаи роҳбарикунанда аз муаллими оддӣ то сарвари донишгоҳро фатҳ намуд, ки ин боиси ифтихори ҳар як устодону шогирдони ин даргоҳ мебошад.

Баъд муоинони ректор оид ба корҳои таълим, профессор, А. Раҳимов, робитаҳои байналхалқӣ, дотсент А. Азизов, профессори кафедраи физикаи назариявӣ ва методикаи таълими физикаи факултети физикаю техника, Ҳ. Саидов, дотсенти кафедраиграматикаи забони арабии факултети забонҳои шарқ Н. Ғиёсов аз хотираҳои неки доштаашон бо шодравон собиқ ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов ёдовар шуданд.

Сипас, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Т. Султонӣ, раиси Ҳизби халқи деморатии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Н. Маликисломӣ, раиси бахши вилоятии иттифоқи нависандагони вилоят, А. Раҳматзод,шоир, Ҳ. Мўсозода, профессор, У. Ғаффоров ва хешу пайвандон оид ба хислатҳои накўи устод Ғафурҷон Усмонов ҳарф задан, қайд карданд, ки мисли ў дар ҷомеаи имрўз кам шахсон вомехуранд, ки пешаи худро дўст медоранд ва барои кор кардан бо ҳамкорон, пеш аз ҳама чун бародарвор суҳбат намуда, қалби атрофиёнро ба даст меоранд ва ба ҳеҷ кас озоре намерасонанд.

Профессор Хайрулло Сабуров, ҳар як иштирокчии барномаи конференсияи илмӣ- назариявиро шодбош намуда, маҷмўаи тозанашрро, ки таҳти унвони «Мазҳари садоқат», дар матбааи донишгоҳ ба чоп расидааст, муаррифӣ намуда, зикр намуд, ки дар ин маҷмўа меҳрномаю гуфторҳои дилпазир ва хотираҳои неки бо устоди зиндаёд Ғафурҷон Усмонов доштаи ҳамкорону наздикон ва шогирдон таҳия шудааст ва инро чуне рамзи меҳру садоқат ба ҳамсари устод туҳфа намуданд.

Дар интиҳои конференсия, духтари устод, Д. Қаюмова ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ, аллахусус ба ректори донишгоҳ, профессор Ҷамшед Ҷўразода ва иштироки меҳмонони олиқадр арзи сипос намуда, гуфт, ки ман ҳамчун фарзанди ин қиблагоҳ ваъда медиҳам, ки бо дастгирии бевоситаи устодон барои беҳбудии ин махзани илму маърифат саҳми хешро мегузорам. Ва ў дар идомаи суханрониаш ҳарф зад, ки бо дастгирии устодони накўном дар соли равон рисолаи номзадиашро бо муваффақият дифо намудааст.

Бо як ҷаҳон таассуроти аҷиб барномаи конференсияи илмӣ – назариявӣ бахшида ба 60 – солагии устод Ғафурҷон Усмонов ба анҷом расид.

Ёдовар бояд шуд, ки Усмонов Ғафурҷон Ҳасанович 10 – уми сентябри соли 1958 дар деҳаи Ғозиёни ноҳияи Хуҷанд (ҳозира Бобоҷон Ғафуров) дар оилаи зиёи ба дунё омадааст. Ў баъд аз хатми мактаби миёна ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С. М. Киров (ҳозира МДТ “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”) таҳсилро идома дод. Шавқу ҳаваси афзун ба саводандўзӣ ва идомаи корҳои тадқиқотӣ Ғафурҷон Усмоновро водор сохт, ки солҳои 1979-1981 ба ҳайси муҳаққиқ коромўзи пажуҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи А.Ф.Иоффеи Академияи илмҳои Иттиҳоди шўравии шаҳри Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) пазируфта шавад. Коромўзӣ дар ин муассисаи бонуфузбарои давом додани корҳои татқиқотӣ ва таҳсил дар шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дар солҳои 1982-1985 роҳ кушод.

Ғафурҷон Усмонов баъди хатми ин зинаи илм фаъолиятро дар Донишгоҳи давлатии омўзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров идома бахшида, аз соли 1986 ҳамчун муаллим ва дертар сармуаллим фаъолият намуд. Соли 1990 ба ў муяссар шуд, ки рисолаи илмии хешро сарбаландона дифоъ карда, номзади илмҳои физика гардад ва аз соли 1993 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ машғули тадрису тарбияи шогирдон буд.

Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд заҳматписандӣ, кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва зиракию ҳушмандии Ғафурҷон Ҳасановичроба инобат гирифта,ба вазифаҳои пурмасъулиятисардори шуъбаи илмӣ- тадқиқотӣ, ноибректори муносибатҳои байналхалқӣ (1998-1999), ноибректор оид ба корҳои тиҷоратӣ (1998-2005) ва ноибректор оид ба корҳои тарбиявӣ (1999-2000; 2005-2010) таъин намуд.

Мавсуф солҳои 2010-2011 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи назариявии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2011-2012ба ҳайси ноибректор оид ба корҳои тарбиявии Донишкадаи кўҳӣ – металлургии Тоҷикистонфаъолияти кориашро идома дод.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №244 аз санаи 11-уми майи соли 2012 ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровтаъин шуд.

Ёди устод Ғафурҷон Усмонов дар қалбҳои устодону шогирдон ва пайвандон абадӣ хоҳад монд. Бигзор ҳамеша хотираҳои неки устод дар қалби шогирдону ҳамкорон ҷовидона монад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ