Фитнакорон оқибат расвои олам мешаванд
Сокинони Осиёи Миёна аз қадимулайём байни ҳам бо дўстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекарданд. Дар сари як дастархон нишаста нону оши ҳамдигарро мечашиданд. Дар тўйҳои ҳамдигар иштирок мекарданд, дар таъзияҳо ғамшарики якдигар буданд. Аммо имрўзҳо фитнагариву иғвоангезӣ дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон ба назар мерасад. Баъди ҳодисаҳои нангини Ворух дар ҷамоати Овчи Қалъача низ муноқиша бо сокинони Қирғизистон ба амал омад.
Воқеа санаи 16-уми сентябр бегаҳӣ сар зад. Аз ҷониби афроди номаълум аз тарафи Қирғизистон дар ҳудуди ҷамоати Овчи Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тир парронида шуд. Садои тирпарронӣ мардуми маҳаллиро ба таҳлука андохт. Як гуруҳ сокинони ҷамоат ба хусус занон манзилҳояшонро тарк карда ба хонаҳои хешовандонашон ба минтақаҳои Бўстон ва Хуҷанд роҳ пеш гирифтанд.
Аввал сокинони Қирғизистон тирпаррониро оғоз намуданд. Ин тир ҳамоно рахнае барои дўстии чандинасраи сокинони ин минтақа аст. Ҳастанд ва ҷой доранд қувваҳое, ки дўстии байни Тоҷикистону Қирғизистонро намехоҳанд. Дўстии сокинони маҳаллиро намехоҳанд, онҳо инсонҳои шайтонсирати аҳриманниҳоданд, ки шукуфтани гулҳои дўстӣ ва чидани самари муродро намехоҳанд.
Ин шайтонсиратон гумоштаи қувваҳоеанд, ки тараққиётро дар минтақа намехоҳанд. Байти маъруфхаст, ки мегўяд:
Ҳар кӣ бо душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.
Гумон мекунам, ки он нафароне, ки мехоҳанд обро лой карда, фитнагарӣ кунанд, оқибат расвои олам хоҳанд гашт. Зеро ҳаргиз захмдоршудагон, аз тир зарардидагон онҳоро намебахшанд. Аз ин рў, оқибати баду манфур фитнагаронро интизор аст.
И.Раҳимов