Фирефтаи хоинон нахоҳем шуд!
Солҳои охир ҳам дар муносибатҳои байналхалқӣ ва ҳам дар муносибатҳои дохилидавлатӣ мақоми субъектҳои гуногун афзуда истодааст. Хусусан, дар раванди мустаҳкамсозии мавқеи геополитикӣ вамуборизаи абарқудратҳо созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ нақши бузург доранд. Тавассути созмонҳо кишварҳои манфиатдор сари ҳар масъалаҳои муҳиму номуҳими сиёсӣ фитнаҳо ангехта бо ҳар баҳона ба масоили дохилии давлатҳо дахолат менамоянд. Онҳо мехоҳанд ҳарчи бештар ҳадафҳои хешро дар ин ё он кишварҳо пиёда карда бошанд, ба шуури сиёсӣ ва ҳуқуқии мардум таъсир расонида, вазъиятро барои амалисозии нақшаҳои хеш мутобиқ гардонанд. Додани минбар барои мухолифини сулҳу ваҳдати тоҷикон дар ҳамоиши САҲА чунин бархӯрди манфиатҳоро нишон медиҳад.Дар акси ҳол ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИ дар нишастҳои солонаи ҳимояи ҳуқуқи башари САҲА минбар пайдо карда наметавонист. Бинобар ин, ба ҳукми анъана даромадааст, ки ТЭТ ҲНИ дар нишсатҳои ҳуқуқи башари САҲА ширкат намуда, диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба сӯи Тоҷикистон кашад. Дар ин асно хоинон мехоҳанд, Тоҷикистонро ба вартаи ҷангу фано кашида, ба майдони муборизаи абарқудратҳо табдил диҳанд. Ин тоифа разилон новобаста, аз он ки сол то сол ширкаташон дар чунин ҷаласаҳо манфиате намедиҳад, шармсору ночор ҳамоишро тарк менамоянд, аз ҳамин имкониятиҳангомасозӣ, иғвоандозӣ даст намекашанд.
Мо кулли сокинони Тоҷикистон итминони комил дорем, ки Ҳизби наҳзати ислом ташкилоти экстремистӣ-террористӣ мебошад, манъ шудани фаълияти онро дар қаламрави кишвар аз ҷониби Суди Олии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ менамоем ва ҳеҷ гоҳ фирефтаи бофтаҳои дуруғини хоинон нахоҳем шуд.
Озодандеш