Фазои дӯстонаи ду кишвари ҳамҷавор

Фазои геополитикии ҷаҳони муосир аз он далолат мекунад, ки инсоният бештар ба ҳусни тафоҳум ва манфиати судманди ҳамаҷониба бештар таваҷҷӯҳ намуда, баҳри пешгирии таҳдидҳои воқеӣ ва хатарҳои нави геополитикӣ ба муқобили терроризми байналмилалӣ, муҳофизати сарҳадот ва пешгирии қочоқи маводи мухаддир камари ҳаммат банданд.

Дар ин ҷода вохӯрии ҳайати баландпояи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон ва Тоҷикистон, ки санаи 14-15 январи соли 2020 дар ҳудуди ҷумҳурӣ баргузор гардид, хеле манфиатбахш мебошад. Мақоми геополитикии Афғонистон дар тӯли даҳсолаҳо тамоми ҷомеаи башарро ба ташвиш андохта, аз ҷониби созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ баҳри сулҳу субот дар кишвари афғон тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз ин иқдом дар канор намонда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ки баҳри ҳамкориҳои самарабахши дуҷониба барои таъмини амнияти миллӣ ва сулҳу субот дар марзи давлатӣ чораҳои судманд андешида шаванд.

Ташкили фазои дӯстона байни намояндагони халқҳои ҳамфарҳанг ва вусъат бахшидани муносибатҳои шарикона дар шароити муосир ба амнияти миллии ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.

Ўлмасова М. сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ