Фарҳанги оиладорӣ: Оғози образофарӣ дар хонаводаи солим

Дар ҷомеаи муосир инкишофи илм, ЭВМ, кино, телевизион, видео, интернет зарурати истифодабарии визуализатсиякунониро ба талаботи замон табдил додааст. Инсон дар ду олам, ду ҳақиқат умр ба сар мебарад: яке ҳақиқати ботинӣ – феномени субъективӣ (тасаввуротҳо, абстрактҳо, фикрҳо, ҳиссиётҳо, ақидаҳо ва нуқтаи назари шахсӣ), дигаре ҳақиқати ҳаётӣ – феномени объективӣ;ва дар ҳамбастагӣ бо онҳо қарор дорад (ҷой, макон, ашёҳо ва ҳодисаву воқеаҳое, кисар мезананд).

Баҳри дарёфти ҳақиқати фавқуззикр таҳти унвони “Оғози образофарӣ дар хонаводаи солим” дар раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” ҷамъомади навбатии маҳфили “Фарҳанги оиладорӣ” ҷараён гирифт.

Дар маҳфил сармуаллими кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбӣ, Ғафурҷон Холиқов ба ҳозирин оид ба хелҳои феноменҳо, образҳосилшавӣ дар ҳар як аъзои оила маълумот дода, масъалаҳои равоншиносӣ ва ахлоқӣ, аз қабили рафтор ва намудҳои он, шуур, худбаҳодиҳӣ ва дигар ҷанбаҳои мавриди назар аз ҷониби муҳокима намуд.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҷамъомад намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иштирок ва доир ба масоили мавқеизандар ҷомеа, оила ва дигар унсурҳои хонаводагӣ бо иштирокдорон табодули афкор намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ