Фаъолияти баъзе давлат ва ташкилотҳои байналмилалӣ бар зидди ҷомеаи ҷаҳонӣ
Давлат ва давлатдории халқи тоҷик аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба эътироф шуда, таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи Ваҳдати миллӣ, сулҳ, барқароркунии хоҷагии халқ, таъмини оби тозаи нўшокӣ ба аҳолӣ ва ғайра намунаи ибрат буда, дар фаъолияти ҷомеаи ҷаҳонӣ васеъ истифода шуда истодааст. Дар ҷаҳон қариб 250 давлатҳо фаъолияти пурсамар мебаранд, ки аз он 193 кишвар аъзои СММ мебошанд. Дар натиҷаи ба даст овардани ваҳдати миллӣ то имрўз 160 кишвари олам, истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шинохта, бо Тоҷикистонмуносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доранд. Зиёда аз 50 давлат сафирони муқимӣ ва ғайримуқимии худро дар Тоҷикистон таъйин намуданд. Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи СММ ва узви бештар аз 70 созмонҳои байналхалқиву минтақавӣ ба ҳисоб меравад. Бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ СММ қабул шудани резолютсияи «Соли 2000- соли Сулҳ», «Соли 2003 – Соли байналхалқии оби тоза», «Об барои ҳаёт солҳои 2005 – 2015», «Соли 2012- соли байналхалқии дипломатияи об», «2018-2028- Об барои рушд» ёдгории қадимаи Саразм, Хулбук, иди Наврўз, Шошмақом, Оши палов, Кўхҳои Помир ва ғайраҳо ба рўйхати таърихи ҷаҳонӣ дароварда шудаанд, инчунин бо мукофотҳои байналхалқӣ сазовор шудани Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон далели равшани эътирофи мавқеи Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ аст.
Аммо баъзе давлатҳои абарқудрат (Эрон, Арабистони Саудӣ,Полша ва ғайра), ташкилотҳоибайналмилалӣ (САҲА,ФондиСорос ва ғайра) Ҷумҳурии Тоҷикистонроҳамчун давлатиВаҳдатсоро эътироф карда бошад ҳам, барои нооромиҳо дар кишвари мо ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ (ТТЭҲНИ,Ҷундуллоҳ, Ансоруллоҳ, Салафия, Толибон, Ал-Қоида, Ваҳҳобистҳо ва ғайраҳо) ёрии амалиюмоддӣ расонида истодааст. Сиёсати духўра пеш гирифтааст, ки паёмади он барои халқи тоҷик зараровар аст. Аммо онҳо фикр намекунанд, ки мақомотҳои давлатию ҳукумати Тоҷикистоналлакай пойдор ва мустаҳкам шуда,ҳеҷ гоҳ барои такрор шудани воқеаҳои сиёсии солҳои 90-уми асри ХХ роҳ намедиҳанд. Ҳар як ҳаракати ғайриқонунию террористиро дар ҷояш бо ёрии халқ несту нобуд месозанд.
Ба фаъолияти баъзеташкилоҳои байналмилалӣ, ки бар зидди ҷомеаи ҷаҳонӣ,аз он ҷумла бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон махфиёнаю ошкоро нигоронида шудааст, ҳар якмардуми боақлиҷаҳон ва кишварҳайронмемонанд. Як мисоли оддӣ бо ёрии хоҷаҳои хориҷӣ ва ташкилотҳоибайналмилалӣ дар мисоли Эрон, САҲА ва дигаронТТЭҲНИ ва ғайраҳоро ба конференсияҳои байналмилалӣ (дар Эрон, Олмон,Полша,шаҳриВаршава) вадигар ҷамъомадҳоиаҳамияти байналмилалӣ дошта, (солҳои 2015, 2016, 2017, 2018) ҳамчун ташкилоти байналмилалӣ таклиф менамоянд, бехатарии онҳоро таъмин карда, ба онон ёриимоддию маънавӣ мерасонанд.
Дар ин раванд фаъолияти онҳо аз доираи дарки мо фарзандони фарзонаи миллат берун аст. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷониби СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ эътироф гардидааст. Онҳо ба ивази он ки бар зиддифаъолияти ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша баҳои қонунӣ дода,амалҳои ононро манъ кардан, ба онҳо кӯмакҳои амалию маънивӣ расонида истодаанд, ки бар хилофи қонун ва низомномаҳои байналмилалӣ мебошад.Ҳама медонанд, ки фаъолияти баъзеташкилоҳои байналмилалӣ бар зидди ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба ояндаи ҷаҳон зарари калон хоҳад дошт.
Эркаев Сафар Абдулхайрович-дотсенти кафедраи
таърихи ватан ва археология,факултети таърих ва ҳуқуқ