Факултети таърих ва ҳуқуқ: Марҳилаҳои асосии ҳаёт ва фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров

Ба истиқболи ҷашни 110 солагии академик Б.Ғафуров

Бобоҷон Ғафурович Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисори уезди Хуҷанди вилояти Самарқанд (ҳоло ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон) таваллуд ёфтааст.

Солҳои 1922-1924

Дар хонаи бачагони деҳаи Хистеварз зиндагӣ ва тахсили ибтидоиро гирифтааст.

Соли 1922

Ба сафи ВЛКСМ (Иттифоқи Ленинии Коммунистии ҷавонони Умумииттифоқ) аъзо гардид.

Солҳои 1926-1928

Дар мактаби назди истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд таҳсилро идома медиҳад.

Солҳои 1927-1928

Мудири Бюрои (бахши) бачагон ва сипас мудири Шуъбаи фарҳанг ва таблиғоти Комитети комсомоли ноҳияи Хуҷанд.

Солҳои 1928-1930

Баробари кору фаъолият дар Комитети комсомолии ноҳияи Хуҷанд ба рӯзноманигорӣ машғул гашта, аввалин мақолаҳои худро дар саҳифаҳои рӯзномаи «Овози тоҷик» ва дигар нашрияҳо чоп мекунад.

Солҳои 1928-1929

Дар Курсҳои олии ҳуқуқшиносӣ дар ш.Самарқанд таҳсил намудааст.

Соли 1930

Дар Комиссариати (Вазорати) адлияи ҶШС Тоҷикистон ба сифати ёвари комиссари (вазири) адлия ва сипас мудири шӯъба кор кардааст.

Соли 1930

Ба кори рӯзноманигорӣ гузашта, дар идораи рӯзномаи ҷумҳуриявии «Қизил Тоҷикистон» (нашрияи расмии КМ ҳизби КоммунистиТоҷикистон) аввал ба сифати мудири шӯъба, сипас чун муовини сармуҳаррир фаъолият бурдааст.

Солҳои 1931-1935

Дар Донишкадаи Умумииттифоқии Коммунистии ҷурналистика (рӯзноманигорӣ) дар ш.Маскав таҳсил намуда, яке аз нахустин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки соҳиби маълумоти олии касбии рӯзноманигор гаштааст.

Соли 1932

Ба сафи ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ (КПСС)қабул гардид.

Солҳои 1936-1938

Дар Мактаби олии кишоварзии Тоҷикистон ба донишҷӯён аз фанни «Иқтисоди сиёсӣ» таълим додааст.

Солҳои 1936-1941

Ба дастгоҳи марказии КМ ҲК (б) Тоҷикистон ба кор даъват шуда, дар вазифаҳои дастурдеҳ (инструктор) оид ба матбуоти Шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти ҳизбӣ, мудири Шуъбаи нашриёт ва матбуот, муовини мудири Шуъбаи таблиғот ва ташвиқот, мудири сектори (бахши) муассисаҳои фарҳангӣ-маърифатии КМ ҲК (б) Тоҷикистон кор кардааст.

Солҳои 1936-1956

Аъзои Комитети Марказии ҳизби Комунисти Тоҷикистон.

Солҳои 1938-1958

Вакили (депутати) ШӯроиОлии ҶШС Тоҷикистон.

Солҳои 1939-1940

Дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Сталинобод (Душанбе) ба донишҷӯён аз фанни «Таърихи ИҶШС» таълим додаст.

Солҳои 1940-1941

Дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ИҶШС (ш.Маскав) таҳсил намудааст.

Соли 1941

Рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таърихи мазҳаби исмоилия аз ибтидои асри Х1Х то оғози ҷанги якуми ҷаҳонии империалистӣ» таҳти роҳбарии ховаршинос ва исломшиноси маъруф А.Е.Беляев ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих гардид.

Солҳои 1941-1945

Дар вазифаи котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба таблиғот ва ташвиқот фаъолият бурдааст.

Солҳои 1942-1948

Дар баробари фаъолияти ҳизбӣ дар КМ ҲК (б) Тоҷикистон вазифаи мудири Сектори (бахши) таърихии Паҷӯҳишгоҳи таърих, забон ва адабиёти Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС-ро дар ӯҳда дошт.

Солҳои 1942-1954

Б.Ғафуров роҳбарии як гурӯҳ аспирантонро, ки ба таҳқиқу омӯзиши давраҳои гуногуни таърихи халқи тоҷик ва халқҳои Осиёи Миёна машғул буданд, дар ӯҳда дошт.

Соли 1944

Бо ордени Ленин мукофотонида шуд.

Солҳои 1945-1946

Котиби дуюми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон

Соли 1944

Дар ҷаласаи Сессияи нахустини илмии Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС 24 апрели соли 1944 бо нутқи барномавии «Гузаштаи бои таърихии халқи тоҷикро амиқ омӯзем» суханронӣ намуд, ки он барои тарҳрезии нақшаҳои минбаъдаи таҳқиқотҳо оид ба таърихи халқи тоҷик заминаи муҳим гардид.

Соли 1944

Асари калонҳаҷми Б. Ғафуров ва Н. Прохоров «Халқи тоҷик дар мубориза баҳри озодӣ ва истиқлолияти Ватани худ:Очерк аз таърихи тоҷикон ва Тоҷикистон» дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) ба забони русӣ нашр гардид, ки дар ин китоб бори нахуст яклухт ва ҷамъбастӣ оид ба таърихи халқи тоҷик баён ва тахрезӣ гашта буд.

Солҳои 1946-1956

Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон.

Соли 1946

Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Солҳои 1946-1956

Котиби якуми КМ Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон.

Соли 1946

Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Соли 1947

Асари аввалини калонҳаҷм, яклухт ва ҷамъбастии Б. Ғафуров «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» (ҷилди 1), зери таҳрири А. Мирзоев дар Сталинобод (Душанбе) ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Соли 1948

Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Соли 1948

Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи вилояти Сталинобод.

Соли 1949

Бо ордени Ленин мукофтонида шудааст.

Соли 1949

Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то инқилоби Кабири сотсиалистии Октябри соли 1917» дар нашриёти «Госполитиздат»-и Маскав зери таҳрири И.С. Брагинский ба забони русӣ нашр гардид.

Соли 1951

Узви ҳақиқии (академики) Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон интихоб гардид.

Солҳои 1952-1961

Узви КМ ҲКИШ (Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ).

Соли 1952

Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то Инқилоби Кабири Октябри соли 1917», нашри дуюм бо ислоҳу иловаҳо зери таҳрири И.С. Брагинский дар нашриёти «Госполитиздат»-и Москав ба забони русӣ нашр гардид.

Соли 1952

Бо қарори Шӯрои илмии Паҷӯҳишгоҳи таърихи маданияти моддии АИ ИҶШС аз 25 феврали соли 1952 ба Б.Ғафуров барои таълифи китоби «Таърихи халқи тоҷик» (нашри русии соли 1952) дараҷаи баланди илмӣ-доктори илмҳои таърих дода шуд.

Соли 1953

Бо қарори Комиссияи Олии Аттестатсионии (ВАК) ИҶШС ба Б.Ғафуров дараҷаи доктори илмҳои таърих дода шуд.

Соли 1953

Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (Душанбе).

Соли 1954

Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Соли 1955

Вакили (депутати) Шӯрои вакилони халқи шаҳри Сталинобод (Душанбе).

Соли 1955

Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик. Ҷилди 1. Аз давраи қадимтарин то Инқилоби Кабири Октябри соли 1917» нашри сеюм, бо ислоҳу иловаҳо зери таҳрири И.С. Брагинский дар нашриёти «Госполитиздат»-и Москав ба забони русӣ нашр гардид.

Солҳои 1956-1977

Директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС–бузургтарин маркази ховаршиносии ҷаҳон.

Соли 1957

Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Соли 1957

Дар Конгресси XXIV байналхалқии ховаршиносон (Мюнхен, Олмон, 28 август-4 сентябри соли 1957) ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Сабабҳои болоравӣ ва шикасти Сомониён» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1957

Бо ташаббуси Б.Ғафуров дар ш.Тошкент (Ӯзбекистон) Конференсияи якуми умумииттифоқии шарқшиносон (4-11 июли соли 1957) даъват карда шуда, дар конференсия Б.Ғафуров бо маърӯзаи таҳлилӣ ва барномавии «Вазъ ва вазифаҳои илми шарқшиносии шӯравӣ дар партави қарорҳои Анҷумани ХХ ҲКИШ» маърӯза намуд.

Соли 1957

Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро, ки аз ҷониби АИ ИҶШС бо даъвати директори Паҷӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ Чехословакия, Ярослав, Прушен бо мақсади таҳкими равобит ва ҳамкориҳои миёни ховаршиносии шӯравӣ ва чех ба Чехословакия сафар карда буд, сарварӣ намудааст.

Соли 1957

Дар ҳайати вакилони Ҳукумати шӯравӣ ба Тунис сафар намуда, бо Президенти Тунис Х. Буғриба мулоқот намуд.

Солҳои 1957-1974

Сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня» буд.

Соли 1958

Дар Сессияи илмии Шуъбаи илмҳои ҷомеашиносии АИ ИҶШС дар мавзӯи «Сохтмони коммунизм ва масъалаи миллӣ» маърӯза намуд.

Соли 1959

Дар ҳайати вакилони шӯравии ҷонибдорони сулҳ ба давлати Тунис сафар намуд.

Соли 1960

Ҳайати вакилони шӯравиро дар Конференсияи дуюми минтақавии давлатҳои Осиё-аъзои ЮНЕСКО дар ш.Манила (Филиппин) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Фаъолият оид ба тадбиқи лоиҳаи ЮНЕСКО» «Шарқ-Ғарб» ва рушди робитаҳои фарҳангӣ дар байни ИҶШС ва кишварҳои Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1960

Ба сифати роҳбари ҳайати вакилони шӯравӣ дар Конференсияи дуюми минтақавии давлатҳои Осиё-аъзои ЮНЕСКО дар ш.Манила (Филиппин) дар мавзӯи «Масъалаҳои аслиҳапартоӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1960

Дар назди шунавандагони Корпуси дипломатӣ дар ш.Маскав (12 октябри соли 1960) дар мавзӯи «Ҳалли масъалаи миллӣ дар ИҶШС» лексия хондааст.

Соли 1960

Президенти Конгресси ХХV байналхалқии ховаршиносон (ш.Маскав, 9-16 августи соли 1960) интихоб гардид.

Соли 1960

Бо сафари илмӣ ба Лубнон ташриф овард.

Солҳои 1961-1977

Раиси Шӯрои илмии «Ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка бар зидди мустамликадорӣ» дар назди Паҷӯҳишгоҳи ховаршиносии АИ ИҶШС.

Соли 1961

Раиси Раёсати Бунёди ҳамрайъии Африка-Осиё.

Соли 1961

Дар Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти шарқшиносии Москва, Ленинград (Санкт-Петербург) ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (Москва, 27-29 июни соли 1961) иштирок намуд ва дар мавзӯи «Рушди ховаршиносии шӯравӣ пас аз Анҷумани ХХ ҲКИШ ва масъалаҳои ҳамоҳангсозии тадқиқотҳо дар соҳаи шарқшиносӣ»

Соли 1961

Бо сифати роҳбари ҳайати шӯравӣ ба Гвинея ташриф овард.

Соли 1962

Ҳайати вакилони шӯравиро дар Конференсияи байналхалқии муаррихон дар ш.Дакка (Покистон, январи соли 1962) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Доир ба равобити фарҳангии Осиёи Миёна бо халқҳои Покистон дар асри ХVII» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1962

Ба Бағдод (Ироқ) ба сафари илмӣ фиристода шуда, дар ҷашни 1200-солагии Бағдод ва 1100 – солагии шоир ва файласуфи араб Ал-Кимди иштирок намуд ва дар Сессияи илмӣ бахшида ба ҷашнҳои мазкур дар мавзӯи «Аҳамияти шаҳри Бағдод дар рушди халқҳои Осиёи Миёна» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1962

Дар Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти муҳаққиқон оид ба таърихии ҳаракати байналхалқии коргарӣ ва ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ (ш.Маскав, феврали соли 1962) иштирок намуд ва дар мавзӯи «Масъалаҳои асосии омӯзиши ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё ва Африка бар зидди мустамликадорӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1962

Дар Машварати умумииттифоқии муаррихон (ш.Москва, 1 декабри соли 1962) иштирок намуда, дар мавзӯи «Самтҳои асосии тадқиқотои илмӣ ва тарбияи кадрои илмӣ-педагогӣ дар соҳаи таърихи халқои Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1963

Ҳайати олимони шӯравиро дар Конференсияи байналхалқии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷенева (Швейтсария, феврали соли 1963) оид ба масъалаи тадбиқи дастовардҳои илмҳои техникӣ барои таъмини ниёзи минтақаҳои сусттараққикардаи ҷаҳон сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Рушди маориф дар Осиёи Миёна» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1963

Ҳайати вакилони шӯравиро дар тантанаҳои ҷашнӣ бахшида ба баровардани қувваҳои ҳарбии Франсия аз Бизерти (Тунис) сарварӣ намудааст.

Соли 1964

Дар Машварати умумииттифоқии ховаршиносони шӯравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият ва тадқиқотҳо дар соҳаи илми ховаршиносӣ (ш. Тблиси, Гурҷистон, 12-13 ноябри соли 1964) ширкат варзидааст.

Солҳои 1964-1977

Раиси Ҳайати таҳририяи «Осори хаттии Шарқ».

Соли 1964

Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси XXVI байналхалқии ховаршиносон (Деҳлӣ, Ҳиндустон, 4-5 январи соли 1964) сарварӣ намуда, бо ду маърӯзаи илмӣ: «Равобити таърихии Осиёи Миёна бо кишварҳои Шарқи Араб» ва «Хусусиятҳои инқилоби фарҳангӣ дар Осиёи Миёнаи шӯравӣ» суханронӣ намуд.

Соли 1964

Ҳайати вакилони шӯравиро дар Сессияи VI-уми Шӯрои Созмони ҳамрайъии халқҳои Осиё ва Африка (Алҷазоир) сарварӣ намудааст.

Соли 1965

Дар Симпозиуми байналхалқии эронишиносон дар Италия иштирок варзида, дар мавзӯи «Оид ба робитаи Осиёи Миёна ва Эрон дар замони Ҳахоманишҳо (асрҳои IV-VII пеш аз миллод)» маърӯзаи илмӣ намудааст.

Соли 1966

Дар ҳайати олимони шӯравӣ ба Ҳиндустон сафар намуда, дар Ҳамоиши илмии байналхалқии ҳиндушиносон ширкат дошт. Ҳамчунин дар Мизи мудаввар бахшида ба мавзӯи «Нақши Ҷавоҳирлол Неҳру дар ҷаҳони муосир» (Деҳли, 26-29 сентябри соли 1966) иштирок намудааст.

Соли 1966

Бо сафари илмӣ ба Лубнон ташриф овардааст.

Соли 1966

Дар Конгресси байналхалқии кишварҳои бетараф дар Югославия иштирок намуд.

Соли 1967

Бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон унвони ифтихории «Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон» дода шуд.

Соли 1967

Узви ифтихории Анҷумани ховаршиносони Лаҳистон (Полша) интихоб гардид.

Соли 1967

Дар Маҷлиси умумии ҷашнии Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС бахшида ба 50-солагии Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр (ш. Маскав, 19-20 октябри соли 1967) ширкат варзида, бо маърӯзаи ҷамъбастии «50 соли ховаршиносии шӯравӣ» маърӯза намуд.

Соли 1967

Ба Париҷ (Франсия) барои иштирок дар ҷаласаи коршиносони ЮНЕСКО оид ба Осиёи Марказӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд.

Соли 1967

Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Инқилоби Кабири сотсиалистии Октябр ва ҷунбиши миллӣ-озодихоҳии халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ» (Боку, Озарбойҷон, сентябри соли 1967) иштирок намуда, дар мавзӯи «Оид ба таърихи ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ дар Осиё» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1968

Шастсолагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров таҷлил гардид.

Соли 1968

Барои хизматҳои бузург дар рушди илми ховаршиносӣ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат мукофотонида шуд.

Соли 1968

Узви ҳақиқии (академики) АИ ИҶШС интихоб гардид.

Соли 1968

Узви Шӯрои миллии Ҳиндустон оид ба равобити фарҳангӣ интихоб гардид.

Соли 1968

Раиси Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО оид ба таърих, археология ва маданияти Осиёи Марказӣ дар замони Кӯшониён (ш. Душанбе, Тоҷикистон, 27-сент.-6 окт. 1968). Дар конференсия бо маърӯзаи илмии «Замони Кӯшон ва тамаддуни ҷаҳонӣ» суханронӣ намуд.

Соли 1968

Барои саҳми бузург дар рушди илми ховаршиносӣ, ҳиндушиносӣ, таҳкими равобит ва ҳамкориҳои илмии ховаршиносони шӯравӣ ва ҳинд ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Ҷавоҳирлол Неҳру сазовар гардид.

Соли 1969

Барои хизматҳои бузург дар ҷодаи мустаҳкам намудани сулҳ дар байни халқҳои ҷаҳон ва 20-солагии ҳаракати тарафдорони сулҳ бо медали ҷашни Комитети шӯравии дифои сулҳ сарфароз гардид.

Соли 1969

Ҳайати вакилони шӯравиро дар Симпозиуми байналхалқӣ бахшида ба 100-солагии мутафаккири бузурги Шарқ Муҳаммад Ғолиб (Деҳлӣ, Ҳиндустон, 17-19 феврали соли 1969) сарварӣ намудааст.

Соли 1969

Раиси Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО оид ба санъати замони Темуриён (Самарқанд, Ӯзбекистон, 23-27 сентябри соли 1969).

Соли 1969

Дар Конференсияи илмии умумииттифоқӣ бахшида ба санъат ва археологияи Эрон (ш. Москав, 22-25 ноябри соли 1969) ширкат варзидааст.

Соли 1970

Ба дараҷаи доктори фахрии Донишгоҳи мусулмонии Олигарх (Ҳиндустон) сазовор гардид.

Соли 1970

Ба Австралия барои таҳкими равобити илмии ховаршиносони шӯравӣ ва австралиягӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд.

Соли 1970

Ба Ҳиндустон ба сафари илмӣ фиристода шуда, дар Семинари байналхалқии «Нақшу мақоми Махатма Гандӣ дар ҷаҳони муосир», бахшида ба 100-солагии зодрӯзи ин муттафаккири бузурги Машриқзамин иштирок кард ва дар мавзӯи «Башардӯстии Махатма Гандӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1970

Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Болоравии нақши ленинизм дар замони муосир ва танқиди ғояҳои зиддикоммунизм» (ш. Москва, 19-23 январи соли 1970) иштирок намудааст.

Соли 1970

Дар Конгресси байналхалқии муаррихон (ш. Москва, 16-23 августи соли 1970) иштирок варзида, дар мавзӯи «Нақши Кӯшон дар тамаддуни ҷаҳон» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1970

Дар Конференсияи илмии байналхалқии «Наҷодпарастӣ-ғояи империализм, душмани прогресси ҷамъиятӣ» (ш. Москва, 14-16 декабри соли 1970) иштирок намуда, раиси бахши «Танқиди ғояи наҷодпарастӣ» буд.

Соли 1971

Узви ифтихории Анҷумании Осиёи Париҷ (Франсия) интихоб гардид.

Соли 1971

Бо медали «50-солагии инқилоби халқии Муғулистон» сарфароз гардид.

Соли 1971

Раиси Комитети шӯравии Комитети якҷояи Эрону Шӯравӣ оид ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ интихоб гардид.

Соли 1972

Шоҳасари безаволи аллома Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна» дар нашриёти «Наука»-и Маскав ба забони русӣ ба теъдоди 10 ҳазор нусха нашр гардид.

Соли 1972

Узви ифтихории Комитети байналхалқӣ оид ба нашри асарҳо бахшида ба 2500-солагии таъсис давлати Форс (Эрон) интихоб гардид.

Соли 1972

Раиси Конференсияи байналхалқии ЮНЕСКО бахшида ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ дар асрҳои XIX-XX. (ш. Ишқобод, Туркманистон, 26-сент.- 5 окт. соли 1972). Дар конференсия бо маърӯзаи илмии «Марҳилаҳои асосии рушди таърихӣ-фарҳангии халқҳои Осиёи Марказӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1972

Дар Конференсияи дуюми умумиитфоқии мисршиносон (египтология) (ш.Москва-Ленинград, 25 окт.-1 нояб. Соли 1972) иштирок ва дар мавзӯи «Кашфиёти бузурги Шамполон» маърӯзаи илмӣ намудааст.

Соли 1973-1977

Президенти Анҷумани байналхалқии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди ЮНЕСКО.

Соли 1973

Раиси Комитети милии шӯравии Анҷумани илмии уқёнуси Ором интихоб гардид.

Соли 1973

Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро дар Конгресси XXIX байналхалқии ховаршиносон дар Париҷ (Франсия) сарварӣ карда, дар мавзӯи «Оид ба масъалаи пайдоиши ориёиҳо» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1973

Ҳайати вакилони шӯравиро дар «Маҷмааи Осиёи воҳид», ки аз ҷониби Донишкадаи васоити ахбори Ҳиндустон даъват шуда буд, сарварӣ намудааст.

Соли 1973

Ҳайати вакилони шӯравиро дар Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО дар мавзӯи «Истамбул дар пайванди фарҳангҳои балканӣ, осиёимарказӣ, славянӣ ва шарқӣ дар асрҳои XVI-XIX» (Истамбул, Туркия) сарварӣ намудааст.

Солҳои 1974-1977

Раиси Комитети шӯравии омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ дар назди Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС.

Соли 1974

Ба дараҷаи доктори фахрии Донишгоҳи Теҳрон (Эрон) сазовор гардид.

Соли 1974

Узви ифтихории Анҷумани Осиё дар Калкута (Ҳиндустон) интихоб гардид.

Соли 1974

Ҳайати олимони ховаршиноси шӯравиро дар нахустин Машварати ҳамоҳангсозии фаъолияти ховаршиносони давлатҳои сотсиалистӣ (ш. Москва, 19-23 ноябри соли 1974) сарварӣ намудааст.

Соли 1974

Ба Эрон барои иштирок дар нахустин чаласаи Комитети якҷояи Шӯравӣ ва Эрон оид ба Ҷоизаи байналхалқии ба номи Абдулқосим Фирдавсӣ ба сафари илмӣ фиристода шуд.

Соли 1974

Аз ҷониби ЮНЕСКО ба Покистон барои иштирок дар Семинари байналхалқии ЮНЕСКО бахшида ба таърихи илм аз рӯи лоиҳаи байналхалқии ЮНЕСКО «Омӯзиши тамаддуни Осиёи Марказӣ» (Исломобод, Покистон, декабри соли 1974) ба сафари илмӣ фиристода шуд.

Соли 1974

Ба Арабистони Суудӣ барои таҳкими равобити дӯстии ин кишвари Араб бо ИҶШС ва тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои олимони шӯравӣ ва араб ба сафари илмӣ фиристода мешавад. Ҳангоми сафар Бобоҷон Ғафуров ба зиёрати Каъба ва дигар фароизи ҳаҷ муяссар гардид, ба унвони ҳоҷӣ соҳиб гардид, ки дар замони шӯравӣ ҳодисаи нодир буд.

Соли 1975

Барои хизматҳои бузург дар рушди илми ховаршиносӣ бо ордени Инқилоби Октябр сарфароз гардид.

Соли 1975

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон сарфароз гардид.

Соли 1975

Узви ифтихори Анҷумани ховаршиносон ба номи Чома (Венгрия) интихоб гардид.

Соли 1975

Дар Конференсияи илмии байналхалқии ЮНЕСКО «Ал-Форобӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» (ш. Москва, 8-9 сент. соли 1975) иштирок намуда, дар мавзӯи «Ал-Форобӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1976

Бо медали тиллоии ҷашнии Шӯрои Умумиҷаҳони Сулҳ барои иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, таҳкими сулҳ дар байни халқҳои ҷаҳон ва 25-солагии ҳаракати тарафдорони сулҳ мукофотонида шудааст.

Соли 1976

Узви ифтихории Академияи илмҳо ва санъати Босня ва Гертсоговина (собиқ Югославия) интихоб гардид.

Соли 1976

Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси байналхалқии эроншиносон дар Мюнхен (Олмони Федералӣ) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба равобити Осиёи Миёна ва Эрон дар партави кашфиётҳои навтарини илми бостоншиносӣ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1976

Ҳайати олимони шӯравиро дар Конгресси байналхалқӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварҳои Осиё ва Африка дар Мехико (Канада, 3-8 августи соли 1976) сарварӣ намуда, дар мавзӯи «Оид ба равобити таърихӣ-фарҳангии Ғарб ва Шарқ» маърӯзаи илмӣ намуд.

Соли 1977

Дар Сессияи илмии сайёри Шуъбаи таърихи АИ ИҶШС, ки дар ш. Душанбе баргузор гардид иштирок намуд (апрели соли 1977) ва ба корҳои омодагӣ ба Симпозиуми байналхалқии ЮНЕСКО оид ба масъалаҳои этникии таърихи қадими Осиёи Марказӣ, ки моҳи октябри соли 1977, пас аз 3 моҳи фавти Б. Ғафуров дар ш. Душанбе баргузор гашта буд, сарварӣ намудааст.

Соли 1977

Бобоҷон Ғафуров 12 июли соли 1977 дар синни 69-солагӣ дар ш. Душанбе вафот кард ва оромгоҳи ӯ дар мавзеи Лучоби шаҳри Душанбе ҷойгир аст.

Соли 1977

Дар ҳиндустон китоби донишманд, арбоби намоёни ҷамъиятӣ Шоши Бушан «Академик Бобоҷон Ғафуров» ба забони англисӣ аз чоп баромад.

Соли 1978

Дар Варшава (пойтахти Лаҳистон) китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров ба забони лаҳистонӣ (полякӣ) бо номи «Таърих ва фарҳанги мардуми Осиёи Миёна» дар ҳаҷми 694 саҳифа аз нашр баромад.

Соли 1979

Ҳафтодсолагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров ҷашн гирифта шуд.

Соли 1980

Дар нашриёти «Наука»-и Маскав асари мӯҳташами Б. Ғафуров ва муаррихи юнонитабор Д.И. Сибукидис «Искандари Мақдунӣ ва Шарқ» нашр гардид.

Соли 1983

Китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби якум» зери таҳрири академик А. Мухторов дар нашриёти «Ирфон» дар Душанбе ба забони тоҷикӣ нашр гардид.

Соли 1984

Китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров дар Кобул (Афғонистон) бо саъю кӯшиши муаррихи машҳури афғон доктор Ҷалолиддин Сидиқӣ ба забони дарӣ, ба ҳуруфоти арабӣ дар ҳаҷми беш аз 700 саҳифа нашр гардид.

Соли 1985

Китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна. Китоби дуюм» зери таҳрири академик А. Мухторов нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе нашр гардид.

Соли 1985

Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони чинӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз рӯи нашри русии соли 1955 интишор гардид.

Соли 1985

Китоби «Таърихи мухтасари халқи тоҷик» бо забони уйғурӣ бо номи «Тоҷиклар таърихи» бо ҳуруфоти арабӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин аз нашр баромад.

Соли 1989

Бо қарори Бюрои КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 20 апрели соли 1988 моҳи декабри соли 1989 чашни 80-солагии зодрӯзи аллома Б.Ғафуров бо иштироки ховаршиносони машҳури шӯравӣ ва хориҷӣ дар шаҳри Душанбе ботантана таҷлил гардид.

Соли 1997

Бо мақсади абадӣ гардонидани хотираи академик Бобоҷон Ғафуров, ки дар инкишофи илм, фарҳангу маорифи ҷумҳурӣ саҳми бузург гузоштааст, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 1997, таҳти №172 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд.

Соли 1997

Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 8 августи соли 1997 ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.

Соли 1998

Моҳи декабри соли 1998 90-солагии зодрӯзи академик Б. Ғафуров ботантана таҷлил гардид.

Соли 1998

Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров ва 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» дар як ҷилд зери таҳрири академик А. Мухторов дар нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе бо теъдоди 10 ҳазор нусха аз чоп баромад.

Соли 1998

Ба муносибати 90-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров ва 1100-солагии давлати Сомониён китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» ба ҳуруфоти араби асоси тоҷикӣ дар нашриёти «Ирфон» дар шаҳри Душанбе бо теъдоди 5 ҳазор нусха аз чоп баромад.

Соли 2008

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2008, таҳти №528 100-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бо тантана таҷлил гардид.

Соли 2008

Ба муносибати 100-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров китоби «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав. Китобҳои 1 ва 2» дар як ҷилд дар нашриёти «Дониш»-ишаҳри Душанбе бо теъдоди 800 нусха нашр гардид.

Соли 2018

Ҷашни 110-солагии зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров таҷлил гардид.

Таҳияи номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Шавкат Шарифов ва омӯзгори донишгоҳ Парвиз Шарифов.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ