Факултети педагогӣ: Ҳамкорӣ бо волидон ба манфиати тарафайн

Санаи 16-уми феврали соли 2019 дар факултети педагогӣ ҷаласаи навбатии волидайни донишҷӯёни факултет ташкил ва баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории ҷаласаҳои волидайн ин пеш аз ҳама ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳкиму тақвият бахшидан ба раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, ба манфиати тарафайн мебошад.

Ҷаласаро муовини декан оид ба таълим сармуаллим Рустам Султонов ҳусни оғоз бахшида, дар оғоз оид ба фаъолияти таълимиву илмӣ ва тарбиявии факултет маълумоти муфассалеро пешниҳоди волидон намуд.

Дар кори ҷаласа намоянда аз раёсати донишгоҳ - муовини ректор оид ба илм ва инноватсия профессор Хайрулло Сабуров иштирок ва суханронӣ намуда, дар маърўзаи худ оид ба нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ (26.12.2028), ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони соҳаи маориф, дастоварду комёбиҳои устодону донишҷўёни донишгоҳ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №762 аз 2 августи соли 2011 “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни ҶТ таҳти №274 аз 8 июни соли 2007 “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”малумот пешниҳод намуда, аз волидонхоҳиш ба амал овард, кидар таълимутарбияифарзандони худ(бахусусдар чунин замонаи хеле ҳасос) эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро барои ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мутахассисонидар ҳақиқат босаводу бомаҳоратлозиманд.

Дар охирбайни устодони волидон сўхбати самимӣ баргузор гардида, чанде аз волидон изҳори сипосу миннатдории худро ба устодон баректори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”профессор Ҷўразода Ҷамшед Ҳабибуллоиброз намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ