Эътироф шудани сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон- ҳамчун ташкилоти террористӣ

Аз интишори расонаи хабарии сенразия огоҳ гаштем ки президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри Сафед ба таври расмӣ Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эронро ҳамчун гуруҳи террористӣ ва экстремистӣ эълон кард. Доналд Трамп таъкид кард, ки «Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон терроризмро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ фаъолона истифода мебарад, онро маблағгузорӣ мекунад ва терроризмро ҳамчун воситаи сиёсати давлатӣ таблиғ мекунад». Ин гуфтаҳоро котиби давлати дар масъалаҳои амнияти миллӣ ИМА Джон Болтон тарафдори кард.

Дар ҳақиқат, сарфи назар аз он, ки Эрон дар соҳаҳои нафту газ, ангишт ва дигар захираҳои маъданӣ сарватманд аст, дар натиҷаи сиёсати таҷовузкоронаироҳбарони кишвар шаҳрвандони оддии Ҷумҳурии Исломии Эрондар тӯли солҳои зиёд камбизоатанд. Бо баробарии ин ҳадамоти махсуси эронӣ ТЭТ - Ҳизби наҳзати исломро дар тӯли даҳсолаҳо дастгирӣ мекарданд. Имрӯз, хадамоти махсуси Эрон фаъолияти роҳбарони фирории ТЭТ ҲНИ-ро дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ мекунанд. Дар зери назорати ва бо иштироки дастурдиҳандагони Сипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон пайравони ТЭТ ҲНИ - Ансоруллоҳ ба таълими махсус дар Афғонистон ва кишварҳои Шарқи Наздик машғул мешаванд.

Дар мақола таъкид карда мешавад, ки Вазорати корҳои хориҷии Баҳрейн ва Сарвазири Изроил Бинямин Нетаняху ақидаи Президенти ИМА-ро оид ба эълон карданиСипоҳи посдорони Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамчун ташкилоти экстремисти ҷонибдорӣ кардаанд. Бояд қайд, ки ҲНИ-ро як қатор ташкилотҳои минтақавию байналхалқи ҳамчун ташкилоти экстримистию террористӣ эътироф кардаанд.

Имрўз ҷомеа ҷаҳони оиди амалу рафтори аъзоёни ТЭТ ҲНИбохабар шудаанд. Мақсадҳои ғаразонаҳи онҳо ба ҳама маълум аст.Аммо амалу рафторҳои чанд нафар ашхосон, ки манфиатҳои худро азҳама боло меҳсобиданд равобит миёни Тоҷикистону Эрон – ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дар сатҳи поинқарор дорад. Ҳеҷгоҳ муносибат миёни Душанбе ва Теҳрон то ин андоза сард набуд, ҳатто дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон.Ин дар ҳолест, ки робитаи Тоҷикистону Эрон фақат расмиву дипломатӣ набуда, реша дар таъриху фарҳанги муштараки мардумони ду кишвар дорад ва аслан умед намедоштем,кирўзе ихтилоф миёни ин ду кишвари бародар то сарҳади қатъи равобит пеш равад. Мо умедвор ҳастем, киравобит байни ду кишвари бародар аз нав эҳё мешавад. Зеро сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба ҳамзистии осоишта равона карда шудааст. Исботи ин гуфтаҳо чанд рўз пеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Низомиддин Зоҳидиро ҳамчун сафири Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон таъин карданд, ки ин қадами устувор барои аз нав эҳё кардани равобит байни ду кишвари бародар мебошад.

Мудири кафедраи сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ