Душманони заифу номард

Ба ҳамагон маълум аст, ки моҳи сентябри соли равон конференсияи САҲА бо иштироки намояндагони 57 кишвар дар шаҳри Варшаваи Полша баргузор гардид, ки дар он намояндагони расмии Тоҷикистон бо сарварии ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқ Зариф Ализода ширкат варзиданд.

Дар ҷаласаи мазкур меҳмонони нохонда аз боқимондаҳои ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ, ки тарки давлати худ намуда, берун аз њудуди кишвар алњол фаъолияти ҷудоиандозона ва таҳрибкорона доранд иштирок намуда, бо баромадҳои пучу нобакоронаи худ бар зидди давлату Ҳукумати кишвар санги маломат партофтанд. Муҳиддик Кабирӣ, Шарофиддин Гадоев, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов нафароне ҳастанд, ки ба Ватан, давлат ва шаҳрвандони Тоҷикистон ягон раҳму шавақат ва дилсӯзие надоранд, дар Тоҷикистон ҳамчун ҷинояткор дар ҷустуҷӯ ҳастанд, паймону гурӯҳҳои ғайриқонӣ сохта мехоҳанд бо ғасби ҳокимият соҳиби мансабу пул гардаданд.

Мо таъкид карданӣ ҳастем, ки инхоинон чанд маротиба дар ватани худ даст ба ҷиноятҳои вазнину махсусан вазнин зада, сабабгори рехта шудани хуни шаҳрвандони бегуноҳ гардида аз боварии мардуми тоҷикбаромадаанд.

Иштирок ва баромади ин лошахӯрони хоҷагони хориҷӣ ба ҷаласаи САҲА боз як бори дигар исбот намуд, ки онҳо ба риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия ягон робитае надоранд ва танҳо мехоҳанд бо роҳи иғвоандозӣ, таънаю маломат задан нақшаҳои нопоки тарҳрезинамудаашонро амалӣ созанд.

Мо аҳли ҷомеаи устодон ва донишҷӯёни факултети таърих ва ҳуқуқ амалҳои ноҷавонмардонаи сарварон ва аъзоёни ТЭТ ҲНИ, Гурўҳи 24, ПМТ-ро маҳкум намуда, иброз медорем, ки халқу миллати тоҷик, ки ҷабри таърихро кашидаанд ва амалҳои ин хоинонро бо ҷашми худ дидаанд, ҳеҷ гоҳ онҳоро пайравӣ намекунанд. Мо пайравони Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат буда, намегузорем, ки ягон нохалафе дар дохил ва хориҷи кишвар пешрафту субот ва оромии кишварро халалдор созад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ