Дуруягӣ то ба кай?
Соли 2018 барои мардуми Тоҷикистон соли хотирмон буд. Дар ин сол бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чархи якуми Неругоҳи обии Роѓун ба истифода дода шуд, ки онро иншооти аср меномем. Ингуна неругоҳ дар минтақаи Осиёи маркази нест. Дар кушодашавии ин неругоҳ даҳҳо давлатҳои хориҷи кишвар иштирок карданд ва мардуми тоҷикро табрик гуфтанд.
Аммо “ҳаммиллатони мо” – аъзоёни ТЭТ ҳизби наҳзати ислом, ки ҳоло номашонро иваз кардаанд(дар асл ин шахсиятҳо миллату Ватан надоранд), ба ин бовари надоштанд. Амалиётҳои нопоки аъзоёни ин ташкилотро аллакай дар мамлакатҳои хориҷи кишвар медонанд. Ин аст, ки то ба наздик роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Назҳат Муҳиддин Кабирӣ дар Эрон истода бо супориши хоҷагони худ амалиётҳои террористиро дар ҳудуди Тоҷикистон ташкил карда мехост оромию осоштагии мардуми тоҷику тоҷикистониёнро халалдор созад. Бо баробари ин вақте Муҳиддин Кабирӣ дар Эрон истиқомат мекард, назҳатиён Иди соли нави мелодӣ ва солшумории мелодиро ҳаром аст, гуфта зидди табрикоти соли нави мелоди буданд. Сабаб дар он буд, ки дар он вақт ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати ислом зери роҳбарии хоҷагони худ фаъолият дошта аз гуфтаи онҳо берун намебаромаданд. Вақто, ки ташкилот бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ба Аврупо ҷой иваз кард, онҳо маҷбур шуданд, ки зери шиори “Шаҳри якчашма рафти якчашма шав” фаъолият кунанд. Акнун онҳо зери нақораи хоҷагони Аврупои рақс мекунанд. Муҳиддин Кабирӣва ҳаммаслакони ў бояд фикр кунанд, ки ин навъ дар ба дарию лагандбардориро то кай идома медода бошанд? Ин аз он шаҳодат медиҳад, аъзоёни ин ҳизб дар ба дар гашта барои ёфтани як бурда нон ба ҳама корҳои нопоку хоиноназидди миллати худба ҳам гуна амалиётҳои террористи омода ҳастанд.Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти соли навии мелодӣ хост худро дар назди аврупоиён нишон диҳад, аммо ў бехабар монд, ки ў дуруягии худро дар назди мардум нишон додааст.
Декани факултети математика Бобохонов Қ.