Дурӯғу туҳмат барои фоида

Муҳаммадиқболи Садриддин, ки яке аз наҳзатиҳои ифротитарин ва душмани миллат аст, вақтҳои охир дар навиштану паҳн кардани мақолаҳои зидди Тоҷикистон хеле фаъолтар шудааст. Эҳтимол барои чунин фаъолияти тахрибкоронааш аз сарпарастони хориҷии наҳзат ба ӯ маблағи бештаре расидааст.

Аммо ҳар қадар, ки зидди Тоҷикистон менависад, ҳамон қадар худаш шармандадтару расво мегардад, зеро навиштаҳояш ҳамагӣ дуруғу туҳматанд ва аз танқидҳои беасосу ноҷавонмардона иборат мебошанд. Барои ҳамин касе ба ин ҳарзагуиҳои М.Садриддин ва дигар ҳаммаслакони наҳзатиаш бовар намекунад.
Дар навиштаи охирини худ, ки “Радия ба “фермаи ҷавоб” як бор ҳам бошад мард шавед!” ном дорад, М.Садриддин ҳамаи онҳоеро, ки имрӯз сухани рост мегуянд ва дар васоити ахбори умум бар зидди душманону бадхоҳони Тоҷикистон фаъолият мекунанд, таҳқир карда, онҳоро “фермаи ҷавоб” номидааст ва дуруғу туҳматро ба дараҷаи ниҳоиаш расондааст. Нашармида Ҳукуматро туҳмат мекунад, ки гӯё неруи барқро ба кишварҳои хориҷӣ мефурухта бошанд ва сокинони минтақаҳои кишвар аз бебарқӣ азият мекашида бошанд. Дуруғи маҳз аст. Дар ягон минтақаи Тоҷикистон дар шароити ҳозира ҳолатҳои бо мақсади норасоӣ қатъ кардани неруи барқ ҷой надоранд. Ҳоло иқтидори энергетикии кишвар аз ҳисоби фаъолияти Маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва ба кор андохтани ду чархаи НБО Роғун афзоиш ёфтааст. Агар ба Афғонистон ва ё кишвари дигаре аз Тоҷикистон неруи барқ содирот шавад, он аз ҳисоби энергияи истеҳсолшудаи изофавӣ мебошад, на аз ҳисоби мардум. Магар ҳамин навиштаи М.Садриддин иғвогариву душманӣ нест? Боз шикоят мекунад, ки уро дуруғгуй ва иғвогар гуфтаанд.
Амали дигари манфур ва разилонаи М. Садриддин туҳмату таҳқир кардани Сарвари давлат аст. Ин гуна амалро ягон мухолифе барои раҳбарияти кишвараш раво намебинад. Чунин тарзи амалро танҳо наҳзатиҳо ва хусусан М.Садриддин анҷом дода метавонанд. Зеро инҳо неруи мухолифи сиёсӣ нестанд, балки як тудаи ҷинояткору хиёнаткоранд, ки аз ягон амали бад худдорӣ намекунанд. Шарму ҳаё ва нангу номус надоранд ва ҳамеша ноҷавонмардона рафтор мекунанд.
М. Садриддин мақолаи Хуршеди Муродро ҳам танқиди беасос мекунад ва қабул надорад. Зеро Хуршеди Мурод ҳамчун коршинос дар бораи фаъолияти ширкати“IRS-Инновейтив Роуд Солюшинз-ЛТД” гапи ростро навиштааст. Гапи рост ба наҳзатиҳо намефорад. Инҳо ҳамеша бо дуруғу туҳмат ва фитнаву иғвогарӣ зиндаанд. Ҳам Кабирӣ ва ҳам М.Садриддин дар мавзуи оғоз гардидани фаъолияти ширкати мазкур як афсонаи бофтае доранд, ки ҳамеша ба забон меоранд. Гуё фақат ҳамин Кабирӣ будааст, ки дар замонаш зидди ба имзо расидани қарордоди мазкур ва тасдиқи он дар парлумон пойфишорӣ кардааст. Яъне инҳо мехоҳанд раҳбари террористи худро ба таври мусбӣ ва тарафдори мардум ҷилва диҳанд.
Ҳамаи ҷонканиҳои М.Садриддин ва дигар “нависандаҳои” наҳзатӣ, ки дар бораи масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фаъолияти ширкатҳо дар Тоҷикистон менависанд, танҳо ба хотири барангехтани иғво ва мухолифат дар ҷомеа ва шурондани мардум асту бас. Яъне инҳо танҳо барои ба даст овардани манфиати худ ва иҷрои супоришу дастури хоҷагони худ чунин амалҳоро анҷом медиҳанд.
М.Садриддин, ки солҳои пеш бо пулҳои наҳзатӣ фаъолияти соҳибкорӣ дошт ва имконияти молию дороиаш хуб буд, ҳоло дар вазъияти бад қарор дорад. Дороиаш аз даст рафтаву муфлис шудааст. Дигар роҳи ягонаи ба даст овардани пул ва рӯзгузарониаш фаъолияти ифротгароёнаи тахриботӣ ба манфиати ТТЭ ҲНИ аст. Аз ин сабаб имрӯз бо супориши Кабирӣ бар зидди Тоҷикистон мақолаҳои дуруғ менависад ва ба Ҳукумату мақомоти давлатӣ туҳмат мекунад. Барои вай муҳим нест, ки касе ба навиштаҳояш бовар мекунад ё не. Муҳим барояш иҷрои фармудаи сарпарастонаш ва ба даст овардани фоида аст.

Парвиз Собиров

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ