Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ
Байни донишҷӯёни соли аввали факултети молия ва иқтисодиёти бозори МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” озмун ташкил ва гузаронида шуд.
Озмун аз рўи 3 шарт: саволу ҷавоб, кор бо тахтаи электронӣ ва ворид намудани матн ба компютер доир гашта, дар натиҷаи холгузории ҳайати ҳакамон Мунзифахон Исоева, Икром Дадобоев ва Зоҳир Намозов зинаҳои ифтихориро касб намуда бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр гардиданд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз баргузории озмун кашфи истеъдодҳои нав ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мебошад.
Маркази иттилоот ва таҳлил