Дониш муҳимтарин омили беҳдошти зиндагӣ
Дар таърихи 01.09.2019 суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рўзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2019-2020 дар назди Донишкадаи идоракунии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сарвари давлат зимни суханронӣ бо ҳамаи устодону донишҷўён ва муҳассили зинаҳои гуногуни таҳсилот мулоқоти самимонаю ошкоро барпо намуда, оид ба бурду бохт ва камбудию норасоиҳои раванди таҳсилот маълумотҳои мушаххас дод. Ҳар як таъкиду ишораҳои сарвари давлат ҷиҳати ҳаллу фасли муаммоҳои раванди таҳсилоти муосир мусоидат намуда, омўзгорону кормандони соҳаи маорифро водор месозад, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои хеш масъулияти баланд ҳис намоянд ва баҳри густариши мазмуну мундариҷаи фаъолияти педагогӣ азму талош варзида, аз имкониятҳои мавҷуда самараноку эҷодкорона истифода баранд.
Ҳар як дастуру супоришҳо ва вазифагузориҳои сарвари давлат дар ин рўз барои парваридани шаҳрвандони ватандўсту суботкор ҳамчун раҳнамо хизмат мекунад ва дар кори таълиму тарбия навгониҳо меорад, инчунин, барои ба талаботҳои ҷаҳони муосир ҷобгўй будани мазмуну мундариҷаи фаъолияти педагогӣ замина мегузорад. Маҳз дастуру супоришҳои Пешвои миллат аст, ки ҳамасола марҳила ба марҳила дар соҳаи маориф тағийротҳои куллӣ ба вуқўъ мепайвандад, ки барои баробар шудан ба стандартҳои ҷаҳонӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда истодааст. Зеро вазифаи аввалиндараҷаи мактаби муосир ба камол расонидани шахсиятҳои соҳибмаълумоту созанда мебошад.
Дар партави суханрониҳо ва дастуру супоришҳои сарвари кишвар мо устодони мактаби олиро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот дар донишгоҳ кўшиш ба харҷ дода, бештар донишҷўёнро ба корҳои илмӣ – тадқиқотӣ ҷалб намоем, байни онҳо корҳои ташфиқотиро доир ба илмомўзӣ, ихтирокорӣ, навҷўию эҷодкорӣ ба роҳ монем. Роҷеъ ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси касбӣ омўзгорӣ мебояд чораҷўиҳои мукаммал андешида, вобаста ба қобилияту имкониятҳои зеҳниашон ҷавонону наврасон ба фаъолиятҳои навҷўёна ҷалб созем. Зеро ояндаи дурахшони кишвар ба сатҳи дониш, малака, маҳорат ва қобилиятҳои ҷавонони имрўза вобаста мебошад.
Аз суханронии пурмўҳтаво ва роҳбаладонаи Пешвои миллат мо устодон изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати такмил додани донишу малака ва салоҳиятҳои касбӣ бештар худомўзӣ намоем, инчунин, донишҷўёнро ба омўхтани илмҳои муосир даъват намуда, онхоро ба амалҳои барои ҷомеа манфиатовар ҳидоят намоем, то ки шаҳрвандони ояндаи кишвар суботкору созанда ва бунёдгузори халқу миллати хеш бошанд.
Сармуаллима Ҳошимова Г.Г.