Дигар гумроҳ нахоҳем шуд!
Инсон баъзан аз ғояти серкориву серташвишӣ вамашғул будан бо рисолатиаслии хеш – созандагиву ободонӣ, кўмаку дастгирӣ ва пеш бурданизиндагии рўзмарраи хешаз гузашти аём бехабар мемонад. Албатта, дар зиндагӣ ҳаст ҳолатҳое, ки одамбо шодивуфараҳ, умеду орзуҳои ширин зиндагӣ мекунад.Аммо, мутассифона ҳолатҳое рух медиҳанд, ки намедонадаз сари қаҳруғазаб чӣкоркунад. Дар сари қаҳру ғазаб ҳар чӣ гуфтан мумкин, лекин оқибаташ бо чӣ меанҷомад номаълум аст.Имрӯзҳо вазъи сиёсии ҷаҳон муташанниҷ (бо ибораи дигари таҳлилгарон хаос) буда, аз ҳар як шаҳрванд зиракии сиёсӣ, донишу маърифати баланд, таҳаммулу тоқатпазирӣ, меҳру муҳаббати беандозаба ватани аҷдодӣ, риояи одоби муошират ва ғайраро такозо мекунад.
Хушбахтона, имрўзҳо чавонони тоҷик сохиби ғурури баланд, дониши кофӣ, зиракии сиёсӣ, меҳри беандоза нисбати Ватани азизи хешродоранду ба ягонсиёҳкуниву тўҳмат, дасисаву фиреб бовар намекунанд.
Боиси тааҷҷуб аст, ки «ҷанобонидилсўзи ватан»паси парда сухангўӣ мекунанду аз хориҷ истодатоннаҳои ангишти тоҷик, шумораи фавтидагони ҳабсхонаҳо, маошу нафақаи аҳолӣ, миқдори маблағҳои бонкҳо, сатҳи саводитолибилмон, тарзи кору зиндагии сохибмансабонро«таҳлилутаҳрир» мекунанд. Чаро онҳоро, ки имрӯз зери парастории хоҷагони худ зиндагии осудаву ором (ба қавли худашон) доранд, фикри ангишту нархи он, қувваи барқ ва таъминоти он, вазъи сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масоиле, ки ба онҳо дахл надорад, ба ташвиш оварад? Онҳо фикри миллат доранд ё фикри хоҷагони худ? Даъво мекунанд, ки баъзеҳоро беасос ба ҳабс гирифтед, мўҳлате нагузашта даъво мекунанд, ки дар мулки бегона гиридиҳамоӣ ташкил мекунанд, андак нагузашта фитна ва дурўғҳои дигар….
Ростӣ, намедонӣ ба рафтору кирдор ва андешаи ин тоифа чи хел баҳогузорӣ намоӣ, онҳоро ба кӣ монанд кунӣ, то кай ин дасисаву тўҳмату худнамоӣ идома мекунад, мақсади онҳо чист ва садҳо чарову чунҳои дигар?
Далели раднопазирест, ки баъзеҳо бо вуҷуди дарки он қабул кардан намехоҳанд, ки ин ҳам бошад ба вартаи ноумедӣ кашидан, дар дили мардум таҳлукаву воҳима андохтан, ҷавононро раҳгум задан дигар дар салоҳияти онҳо нест. Мардуми таҳаммулпазиру дурандеши тоҷик дигар ба маслиҳату насиҳату андешаву роҳнамоии ягон «ватандорони баномус» эҳтиёҷ надорад ва сўи ояндаи худ бо сарварии марди оқилу донову дилсўзу ғамхор Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сари баланду эътимоди комил қадам мезанад ва дурахшонии ояндаи Тоҷикистон барои баъзе қурдилонсобитмесозад. (сохта истодааст).
Дар ин росто омўзгорону донишҷўёни факултети педагогӣ низ саҳмгузорӣ намуда, дар тарбияи насли солиму ояндасоз азму талоши қавӣ намуда истодаанд ва мехоҳанд, ки роҳи интихобкардаи ҳар як насли ҷавон роҳи Ватандорӣ бошад….
С.Рабиев –декани
факултети педагогӣ