Давидани гӯсола то каҳдон
(Изҳороти Тиллохӯҷаева М. декани факултети филологияи тоҷик)
Дарҳама давру замон амнияти миллӣ ва ҳифзи амну субот яке аз муҳимтаринҳадафҳоиҳукумату давлат ба шумор меравад. Ин сулҳу субот ва ин ҳама амнияти ҷомеа аз ҳар нафар масъулияти махсусро талаб менамояд. Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имруз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, имрӯз бархе ба ном гуруҳҳо азон ҳаводиси дар кишвари мо сар зада, дар тамоми ҷаҳон бонг бардоштаанд. Аҷиб он аст, кидар кадомяк гушаи дунё истода, ба кори ҳукумату давлати мо дахолат доранд ва гӯё ки онҳо аз ҳама чиз ба хубӣ воқиф ҳастанду ҳама чиродидаанд.
Дар робита ба ин, нақшаҳои бенатиҷаю беасоси худро мехоҳанд бо кӯмаки башардӯстона амалӣ намоянд. Агар ин нафарони мунофиқ аз кирдори нохалафи худ ва ҷурми носипосиҳояшон нисбат ба давлату миллати хеш бехабар бошанд ҳам, лекин ҷомеа ва халқ ҳеҷ гоҳ ин амали нопоки эшонро аз хотир фаромӯш накардааст ва намекунад.Ин афрод, пас аз кирдорҳои нангин дигар аз кӯмак ва дастгирии халқи худ умедвор нашуда ва ҳатто рӯй оварда натавониста, аз созмонҳои байналмилалӣ паноҳҷӯйӣ кардаанд.
Дар тинати тоҷикон роиҷ аст¸ ки сирру асрори оиларо баровардан ин аблаҳӣ ва шармандагист. Дар мавриди амали ин нафарон гуфтан мумкин аст, ки тарбияи комили тоҷикона надоранд. Васияти гузаштагони хешро пос надошта ва ба арзишҳои миллии ниёгон арҷгузорӣ накарда, ҳама он сирру асрори худро ба тамоми оламиён ошкор карда истодаанд. Оё ин аблаҳию шармандагӣ нест?