Дасисаҳои навбатии Кабирӣ
Тайи чанд рӯзи ахир тариқи сомонаҳои интернетӣ ва дигар шабакаву расонаҳои хабарӣ дар ҳошияинишасти имсолаи САҲА, ки аз рӯйи анъана ҳамасола дар Варшава баргузор гардида,дар он рушди демократия ва озодии сухан дар ҷомеаи мухталифи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ ва хулосабардорӣ қарор мегирад, вокунишҳо сурат мегирад.
Чун батаҳқиқ назар мекунем, мазмуни ин навиштаҳо ҳамоно кӯшишҳои иғвогарона ва моҷароҷӯёнаи афроди ба ном дилсӯзи миллат аст, ки ҳадафашон халалдор гаштани сулҳу суботи минтақа ва сияҳ намудани ҳукумати кишвар ва Пешвои миллат аст. Аслан “Ҷавоби аблаҳон сукут аст”, зеро ҷомеаи имрӯзаи тоҷикон ҷомеаи 10 сол ё 20 сол қаблӣ нест, ки гирифтори доми фитнаву побанди иғвои душманони миллат гардад. Имрӯз симои ин гуна афроди манфиатҷӯву судхоҳ, ки дар пушти ҳар амалашон ғаразҳои сиёсӣ ё ҷоҳталабӣ доранд ва ягон арзишҳову муқаддасоте барои онҳо намонда, ҷуз он ки ғуломи мафкураи ғайр ё саркардаҳои хориҷӣ ҳастанд, ба рӯшанӣ ошкор шудааст.
Мардуми тоҷик имрӯз дар асоси таҷоруби зиндагӣ сараро аз носара ва дӯстро аз душман метавонад фарқ гузорад.
Азбаски нишасти имсола дар давраи омодагиҳо ба 30-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид,намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, бунёдкориву созандагиҳо, аз он ҷумла, ба фаъолият шурӯъ намудани Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ва ғайра, ки шуҳрати миллати моро дар байни ҷаҳониён афзуда, ифтихори кулли тоҷикони ватандӯсту шарафманд маҳсуб мегардад, сухан карданд.
Аз рафти ин нишаст аз касе пӯшида намонд, ки мақсади намояндагони мухолифини тоҷик, аъзоёни ҳизби наҳзати ислом дар шахси Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслакону ҳамфикронаш, ки бори дигар қурбони бозиҳои сиёсӣ гашта, аз ҳеҷ амали бадхоҳона даст накашиданашон собит гардид, ин сиёҳ кардани Тоҷикистон ва ҳукумати имрӯзаи тоҷикон дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб мегардад.
Ин нерӯҳои бадхоҳ ва сияҳдил барои далел аз маҳбусони сиёсӣ ёд мекунанд, ки гӯё аслан гуноҳе надоранд ва ба туҳмат гирифтор шудаанд ё ин ки рушди демократиява озодии суханро дар кишвари мо маҳдуд меҳисобанд.Мехоҳанд,бо сад “факту далел” ҷомеаи ҷаҳониробовар кунонанд, ки оромии Тоҷикистон ва сулҳу осоиштагии он дурӯғин аст,тамоми дастовардҳои имрӯзаи миллати куҳанбунёди тоҷик, ки босаҳми халқи заҳматпешаи мо дар роҳи бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ ба даст омадаву аз меваҳои шаҳдбори худ коми моро ширин мекунад, фиребаст ва ғайраву ҳоказо.
Ҳол он ки мо ҳама медонем ва нобино ҳам нестем, ки ин нафароне, ки имрӯз Кабириву кабиримаслакон сафед кардан мехоҳанд ва беайбу бегуноҳ муаррифӣ менамоянд, ҳама мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ва аз рӯйи меъёрҳои амалкунандаи қонун мукофоти амали хешро дарёфтаанд. Чун аксари онҳо бо дасисаангезиву низоъандозӣ ва иғвогаривутуҳмат хоҳони ба майдони ҷангу хунрезӣ кашидани ин ватани озоду ободи мо буданд.Амалу рафтори он рӯзноманигороне, ки имрӯз бадхоҳони миллат аз онҳо ҷонибдорӣ менамоянду гуноҳи онҳоро савоб меҳисобанд, аслан аз меъёрҳои журналистика фарсахҳо дур буда, зархаридони хоҷагони пасипардагӣ ва бозичаҳои дасти хориҷиёни манфиатҷӯ буданд.
Мутаассифона, намояндагони оппозитсияи тоҷик, ки дар хориҷи кишвар барои манфиатҳои шахсӣ ва сиёсии худ аз ҳеҷ гуна дасисаву туҳмат рӯ намегардонанд, ҷониби Тоҷикистонро, ки бо барномаи хеш доир ба пешравиҳову ободкориҳои миллати мо суханронданд, айбҷӯӣ менамоянду масхара ва аз пашша фил месозанд. Агар мақсади онҳо ба низоъ кашидани ҷомеаи тоҷикон ё иғвогариву раҳгумзанӣ намебуд, магар чунин амалро ба худ раво медиданд? Магар намояндагони Тоҷикистон ҳамон бародарони ҳамхуну ҳамватан, ҳаммиллати шумова фарзандони модари тоҷик нестанд, ки дар хориҷа қарор дошта, мисли каҷдумони таги бӯрёнеш мезанед, носазо мегӯеду дасиса мебофед? Ё шумо худ дигар тоҷик нестед? Ба хотири пулу мол ҳама муқаддасоти худро аз даст додаед?