Дар пайравӣ ба ташаббуси маорифчиёни ВМКБ

Татбиқи амалии нишондодҳои Консепсияи миллии тарбиядар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони кишвар вазифаи муҳим маҳсуб меёбад. Муассисаҳои таълимии кишвар доимо дартарбияи ғоявӣ, миллӣ, хештаншиносӣ, ахлоқӣ, донишандӯзӣ, ҳуқуқӣ гуманистӣ, зебоипарастӣ, касбинтихобкунӣ иқтисодӣ, экологӣ, сиёсӣ, ҷисмонӣ, тафаккури интиқодӣ, ҷисмонӣ, таҳаммулпазирӣ, масъулиятшиносӣ, бахусус, ватанпарастии наврасону ҷавонон талошҳо доранд. Ташаббусҳои муассисаҳои таълимӣ ба ташаккули шахсияти ҳомиёни Ватан, созандагону парчамбардорони он таъсири мусбӣ мерасонад. Бахусус, дар даврони Истиқлолият таваҷҷуҳи асосии давлату ҳукумат ба тарбияи ватанпарастӣ, хештаншиносӣ бештар равона карда шудааст. Самараи он аст, ки имрӯз мо ба дастовардҳои беназир ноил гардидем. Муваффаққиятҳои мо аз муҳаббати модар-Ватан аст, ки атрофи хеш ҳамаро муттаҳид месозад.

Тарбияи меҳанпарастӣ заминагузори асосиии ватандорӣ, сулҳпарварӣ, ифтихори миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Бинобар ин, ташаббуси шуъбаи маорифи ВМБК дар хусуси хондани Суруди миллӣ пеш аз оғози машғулиятҳои таълимӣ амали манфиатбахшу судманд дар роҳи тарбияи меҳру муҳаббат ба Ватан, дилбастагӣ ба он маҳсуб меёбад. Зеро чунин иқдом тарбиятгирандагонро аз хиёнаткорӣ, хоинӣ, берарафӣ, ҳамроҳшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ нигоҳ медорад. Дар дили муҳассилин меҳри ватанро боло мегузорад, ифтихор аз Ватанро тарбия месозад ва онҳоро дар руҳияи ташаббускорӣ, эҳтироми ватандорӣ, ваҳдатофарӣ, ҳамдиливу ягонагӣ тарбия менамояд. Инчунин, хондани Суруди миллӣ арҷгузорӣ ба муқаддасоти кишварро ифода месозад.

Комилова Зилола - сармуаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ