Дар ошкори ҳадафҳои нопок бетараф набошед!

Дар замони муосир инсонҳои оқил аз пайи дар ҳаёт гузоштани номи нек ҳастанд. Ин гуна хирадмандон ба василаи хизмати пунафъи ҷамиятӣ, ободии давлату меҳани азиз роҳи шӯҳратёбиро убур менамоянд. Таърихи тоҷикон бисёр аз чунин фидоиёни Ватанро дар суҳуфи заррини худ сабт кардааст. Аз чунин қаҳрамонон мардум меболанду ифтихор мекунанд.

Мутаассифона, имрӯз нафароне пайдо шуда истодаанд, ки мехоҳанд зери ниқоби ватандӯстӣ, адолатпарварӣ тавассути сармояи аҷнабиён манфиатҳои ваҳдатшиканонаро дар ҳудуди меҳани ободманзари мо пиёда карда бошанду ба ин васила неми некро ҳам нигоҳ дошта бошанд. Кӯшишу талошҳо, заҳмату кирдороти ҷоҳталабонаи Муҳиддин Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Илҳом Ёқубов, Муҳаммадиқболи Садриддин, Саидюнуси Истаравшанӣ, Шарофиддин Гадоев ва Мирзои Салимпур айнан аз ҳамин зумраанд. Онҳо виҷдону номусу ақли хешро дар роҳи ғасби ҳокимият бар фано бурдаанд. Аммо бар замми ин худро ҳомиёни демократия, муҳофизони ҳуқуқҳои мардум вонамуд месозанд. Гоҳо аз ташкили давлати динӣ ва гоҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ садо баланд менамоянд. Агар номбурдагон барои ғасби ҳокимият солҳои 90-ум бо даъвати ташкили давлати динӣ кишварро оғуштаи хун карда бошанд, имрӯз айнан бо ҳамон мақсад «демократикунони»-и ҷомеаи демократиро усули муборизаи хеш пеша кардаанд.

Заковатмандони ҷомеа ҳанӯз дар даврони аввали истиқлолият бо чеҳраҳои сияҳкору макрангези иғвоандозандагон ошно гардидаанд. Аз ин гуруҳи зархарид амали некро интизор шудан саҳлангорӣ аст. Имрӯз, онҳо тавассути рӯзноманигори қаламаш муболиғаомезу фитнаангезМирзои Салимпур тафаккури созандади миллати куҳанбунёди тоҷикро заҳролуд сохтанӣ ҳастанд. Аммо мо умед бар он мебандем, ки солимфикрони ҷомеа навиштаҳои пучу беасоси Салимпурро ошкору ҳадафҳои пасипардагии разили ӯро ифшо менамоянд. Дигар нисбати даъватҳои дуруғину далелҳои бофтаи онҳо бетараф намешаванд. Зеро мо танҳо дар натиҷаи муттаҳидӣ бар зидди душамнони ваҳдату ҳамдилӣ сипар шуда метавонем.

Озодандеш

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ