Дар давлати мо бозгашт ба ҷаҳолат нест
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки воқеан ҲНИ рӯз аз рӯз аз меҳвари манфиатҳои миллӣ берун рафта, ба ақидаҳои ифротӣ ва иғвоангезӣ наздик мешавад. Мулоҳизаҳои Дориюши Раҷабиён оид ба ҳаракати босмачигӣ ва ба мақолаи профессор Иброҳим Усмонов таҳти унвони “Ба таърих бо чашми хирад бингарем. Ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?” хонда, дар ҳайрат мондаам. Муаллифони ин ғояҳо чӣ меҳоҳанду чӣ манфиаат мебинад? Аллакай, таърих, таърихшиносон, шахсиятҳои маъруф ва шоҳидони давр дар ин хусус хулосаҳои худро гуфтаанд ва ин масъаларо эҳё кардан имрӯз ба манфиатҳои миллату давлат хизмат мекунад? Дар ҷавоби ба ин саволҳо дар тафакуури инсон як хулоса пайдо мешавад. Дар байни наҳзатиҳо ва босмачиҳо монандшавӣ вуҷуд дорад? Ба фикри мо ҳа. Ҳар дуи онҳо дар ин минтақа дар даври худ «хело куштанд, хело хароб карданд». Ҳар дуи онҳо барои мақсадҳои хоҷагони хориҷ хизмат карданд ва наҳзатиҳо имрӯз босмачиҳо барин ба бозиҳои пинҳонии хоҷагони худ бозӣ карда истодааст. Профессор Иброҳимҷон Усмонов доир ба ин масъала ҳақиқатро гуфтааст: «Ҳизби мамнӯи террористии наҳзат дар шароити кунунӣ ба абзори дасти хадамоти махсуси кишвари хориҷӣ табдил ёфтааст. Таърих ҳақиқатро мепарастад. Бузургии ин илм дар он аст, ки вақте гузаштаро меомӯзем, имрӯз дақиқ ва оянда муайян мешавад. Тавре маълум шуд, босмачигарии ҳаракати зиддимиллӣ, зиддитоҷикӣ буд. Тавассути пул, мол ва пуштибонии маънавии бегонагон – душманони миллати тоҷик ташкил шуда буданд. Ҳоло ҳам айнан ҳамин тавр аст. Дар ин ҷо сирри дигаре нест. Ва буда ҳам наметавонад. Оне, ки наҳзатиҳо босмачигариро тарғиб мекунанд, барои мардум айни муддаост. Хуб аст. Зеро акнун худи онҳо бо забони хеш ниҳод, ҷаҳонбинӣ, маънавиёти худро фош мекунанд. Он коре, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ карданд, айнан як намуди ҳаракати босмачигарӣ дар шароити нав буд. Ҳамон қатл, ғорат, одамрабоӣ ва ғайра. Маҳз барои ҳамин мардум, махсусан ҷавонон, бояд ҳушёр бошанд. Касе ҷонибдори босмачигарӣ аст – ҷонибдори ҳаракати «Давлати исломӣ» аст, ки намунаашро мо дар Ироқу Сурия мебинем».
Афсуски, наҳзатиҳо имрӯзҳо кори онҳоро давом дода, ба Ватани, миллати худ хиёнат мекунад. Ин вазъият моро ҳушёр намуда, талошҳои муштараки ҳамаи шаҳрвандоро тақозо менамояд, ки дигар мардуми мо гумроҳ нашавад. Дар ин бора сухани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар Паёми навинашон ба Маҷлиси Миллӣ овардан хеле бомаврид аст: “Ҷангу низоъ ва мухолифати мусаллаҳона даҳшат аст, қатлу куштори одамони бегуноҳ аст, қашшоқиву бенавоӣ, бадбахтӣ, касодии иқтисодӣ ва шикасти низоми қонунияту давлатдорист. Мо даҳшати ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузаштаро, ки душманони миллати тоҷик ба сари мо таҳмил карда буданд, ҳаргиз фаромӯш намекунем ва бо итминон изҳор медорем, ки мардуми мо дигар ба доми фиреби душманону бадхоҳони миллат, ки то ҳанӯз аз ҳадафҳои ғаразноки худ даст накашидаанд, гирифтор намешаванд”.
Аз Паёми Сарвари давлат порча оварда, фикри худро ҷамъбаст менамоем: “ Таъкид месозам, ки танҳо саъю талоши софдилона, ҳисси масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои муайяннамудаамон наздик мекунанд.
Бовар дорам, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи бартараф кардани ҳамаи мушкилот ва иҷрои ҳама гуна амалҳои нек мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии арзандаи ҳар фарди Ватан шароити мусоид фароҳам меоранд”.
Р.Усанов, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров