Дар Тоҷикистон ҳуқуқи кӯдакон ҳимоя мешавад

Дар таърихи 2 декабри соли равон дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мусоҳибаи хабарнигори Кимиёи саодат бо Шабнам Худойдодова ҷой карда шудааст, ки он асосан масъалаи ҳуқуқи инсонро дар Тоҷикистон дарбар гирифтааст. Ш. Худойдодова иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳуқуқи кӯдакон таваҷҷӯҳ дода намешавад, поймол кардани ҳуқуқи инсон торафт бештар гашта истодааст. Инчунин гуфта мешавад, ки дар давлатҳои дигар то ба болиғ расидани кӯдакон аз буҷаи давлат барои онҳо маблағгузорӣ карда мешавад. Аммо ба фикри ӯ дар Тоҷикистон ин масъаларо касе шунидан ҳам намехоҳад. Кӯдакони оилаҳои камбизоат ба талбандагӣ, аробакашӣ, мошин шустан машғул ҳастанд, то як бурида нон ёфта хӯранд.

Пеш аз ҳама бояд қайд намуд, ки масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз самтҳои асосии кории созмонҳои байнидавлативу ғайридавлатӣ гашта истодааст. Масъалаи ҳуқуқи кўдак ва таҳлилу баррасии он дар тамоми ҷаҳон ва дар љумҳурии мо яке аз мавзўъҳои асосӣ ба ҳисобмеравад. Аз ҷумла қабули Конвенсия ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ гувоҳи он мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои ҳифзи саломатии кӯдакон пайваста чораандешӣ менамояд. Ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузоришҳои муттаҳидаи сеюм панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022 Нақшаи миллии амалҳо тасдиқ карда шудааст. Дар бандҳои 21-26 нақшаи мазкур вобаста ба такмили хизматрасониҳои тиббӣ нисбат ба кӯдакон, таъмини ғизои солим, тавсияи хадамоти машваратии равонӣ, тақвияти барномаи пешниҳоди хизматрасониҳои тиббӣ бо таваҷҷуҳ ба ҷавонон, андешидани тадбирҳо дар самти мубориза бо ВНМО, андешидани тадбирҳо вобаста ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, чорабиниҳо пешбинӣ шудааст.

Барои дар амал татбиқ шудани меъёрҳои қонун вобаста ба истироҳат ва фароғати наврасону ҷавонон ҳар сол аз тарафи Ҳукумати ҶТ қарори дахлдор қабул карда мешавад. Тибқи он вазорату идораҳои дахлдор барои иҷрои корҳои ба салоҳияташон дохилшуда вазифадор карда мешаванд, ки истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, варзишию солимгардонӣ ва наздимактабиро бо мутахассисон таъмин намуда, барои дастрас кардани роҳхатҳо ба кӯдакони ятиму бепарастор, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат, кӯдакони қобилиятнок ва кӯдакони кормандони соҳаи кишоварзӣ, инчунин ҳамлу нақли онҳо ба истироҳатгоҳҳо ва бозгашт тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Барои ба таври доимӣ ба истироҳат ва фароғат фарогир шудани кӯдакон ва наврасон аз тарафи роҳбарияти давлату ҳукумат пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Хусусан дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои назаррасе басомон расида истодааст.
Барои як давлати навбунёде ба мисли Точикистон боз чи лозим аст, ки ин қадар эътирозу норизоият.

Ҳомидова М.-муаллимаи муштараквазифаи

кафедраи умумидонишгоҳии

сиёсатшиносӣ ва фарҳангшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ