Даҳшатноктарин падидаи замони муосир
- Даҳшатноктарин падидаи замони муосир – ин терроризм ва экстремизм
Ҳоло аз ҳар як соҳибхиради кишварамон пурсем, ки падидаи нави зиддиҷамъиятии даҳшатноки замони мо, ки ҷамъияти инсониро ба ҳалокат оварда расонида истодааст кадом аст.
Барои ҷавоб додан он шахс бе ягон андешаронӣ чунин ҳозирҷавобӣ менамояд ва бо итминони комил мегӯяд, ки ин албатта терроризм ва экстремизм аст.
Бале, ҳақ ба ҷониби ӯ.
Ва ниҳоят аз дил мегузаронем, ки ин шахси ҷавобдода ягон намуди хатареро оид баҳалокатоварандагони сайёраамон дарк менамудааст.
Ҳоло тамоми мардуми дунё дар самти муқовимат зидди экстремизм ва терроризм на танҳо барои кишварашон, балки барои пойдории оромӣ дар тамоми ҷаҳон мубориза бурда истодаанд.
Ҳокимиятҳои давлатии тамоми кишварҳои дунё аз ҷумла Ҷумҳурии соҳибистқлоли мо – Тоҷикистон Консепсияи ягонаи кишварамон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (28 марти соли 2006, № 1717) қабул намудааст ва тамоми зиёиёни кишвар аз он бархурдор буда, мардуми қатории мамлакатамонро инчунин аз он воқиф намуда истодаанд.
Мардуми олам ин падидаро бӯҳрони сиёсии маргпош танҳо дар як кишвар неву бӯҳронимарговари ҷамъиятии тамоми кишварҳои сайёраамон меҳисобанд. Ин падидаҳои барои мардум ношинос муноқишаҳои иҷтимоию сиёсиро дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байнимазҳабӣ ба миён оварда истода, замина барои нестӣ барои сайёраи мо гузошта истодаанд, ки мо омӯзгорон яъне намояндагони пешқадами ҷамъият дар як сӯй наистода барои барҳам додани он дар мубориза пешқадам мебошем.
Воқеотҳои нобаҳангом ва гӯшношуниди тамоми олам исбот намуда истодааст, ки мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) дар вақтҳои охир хусусияти байналмилалиро доро гаштааст. Ҳоло дар кишвари мо тадбирҳои маҷмўи умумидавлатии муқовимат анҷом дода шуда истодааст. Барои халалдор намудани кишварамон тухми кинаву адоват, низо ва ҷудоихоҳӣ барои рӯидан ҳуқуқе надорад ва мардуми тоҷик намемонад, ки он тухмҳои заҳрҳосил рӯянд.
Падидаҳои бо номи марговар сазовор гардида беҳуда ин номро соҳиб нагардидаанд. Низоандозӣ ва ҷудоихоҳӣ, афрӯхтани ҷанги шаҳрвандӣ, қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва зиёдшавии фирориёни иҷборӣ бо шарофати онҳо дар олам афзуда истодааст. Яъне ин падидаҳо номатлубанд ва бо ҷиноятҳои сангини номатлуби худ дар ҷомеаи муосир номдор гардидаанд. Мо ғайриихтиёр танҳо ва танҳо зидди ин падидаҳоем ва намегузорем, ки онҳо дастгирӣ ёбанд.
Саромӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ Каримова Д. А.