Чӣ гуна мақомоти тоҷик ҷанги иттилоотиро аз даст медиҳанд?
Дар моддаи дуввуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” омадааст, ки матбуот ва дигар васоити ахбори омма дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озоданд. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фикру ақадаашро озодона баён кунад, онҳоро дар ҳар шакл дар матбуот ва дигар васоити ахбори омма интишор намояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомотҳои давлатӣ ва ягон нафаре ба паҳн намудани хабарҳои чи дохиливу хориҷӣ монеае дида намешавад. Дар Тоҷикистон ба ҳама намудҳои васоитиахбори омма озодӣ дода шудааст, то аз хабарҳои ҳаррӯзаи минтақа ва ҷаҳон огаҳ намоянд. Лекин баъзе аз нотавонбинон байни мардум ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна фикрҳои мухолифатомезро паҳн менамояд, ки ин рафтори онҳо бар хилофи қонунҳои амалкунандаи кишвар мебошад. Ин гуна фикрҳое, ки душманона баён менамоянд, гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳое ки вазъияти ҷанг ё кушторро доранд, паҳн намегарданд ё аз тарафи мақомотҳои давлатӣ монеа эҷод мекунанд, куллан нодуруст аст, зеро ҳама ахборе, ки дар дохили кишвар новобаста аз кадом минтақа аст, аз ҷониби матбуот ва ҳама намуди васоити ахбори омма паҳн мегардад, монеа дида намешавад. Чунки дар Конститутсияи Тоҷикистони азизамон таъкид карда шудааст, ки Тоҷикистон давлати демократӣ аст, аз ин сабаб барои паҳн намудани маълумот ё хабарҳо умуман манъкунӣ дида намешавад. Душманоне ҳастанд, ки тараққиёт ва осоиши кишварамонро намехоҳанд ва хабарҳои бардурӯғу фитнаангезро байни оммаи халқ паҳн менамоянд.
Ҷанге, ки дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон рух дода буд, ҳама огоҳанд. Ҷавононе, ки баҳри ҳимояи марзу буми ватан аз тарафи душманон ҷон бохтанд, халқ ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Душманон дар шабакаҳои ҷаҳонии интернет ҳар гуна хабарҳои бардурӯғро паҳн менамоянд, фикру ақидаҳои инсонҳоро бо ҳар роҳ парешон намудаву аз растагорӣ ба фитнаангезии халқу миллат машғуланд. Ба ин гуна мардум на бояд бовар кард, аз аҷнабиён ватанро ҳимоят кард.