Чашм то вокардаӣ, ранг аз назарҳо рафтааст...
Ҳақ бар ҷониби Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода аст, ки басо вожаи рамзиву мувофиқи “бӯқаламун”-ро ба ин саркардаи хоинон, яъне Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш унвон додаанд. Зеро соҳиби “Бурҳониқотеъ” низ дар тавзеҳи маънии моддаи “Бӯқаламун” ба ҷуз аз “ҳирбо”, яъненавъе аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм, ки ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар мекунад, инчунин рангу рӯй иваз кардани инсони сифларо низ илова кардааст.
Ин навъи одамон аз чизе рӯйгардон нестанд. Онҳо на аз виҷдон, на аз обрӯ, аз халқу миллат, на аз хоку на аз неъмат фикр мекунанд, балки аз тарсу бими он ки ба кардаҳои худ ҷавоб гуфта бошанд, тайёр ҳастанд, ки чун хасу хори беор дар таги ҳар хоку пору ҷойгир шаванд, фақат ба хотири он ки ба пои хонҳо хоре нарасад. Аз ин рӯ, ба таъбири шоир муддате нагузашта, ин хоинон ранг дигар мекунанду ҳар вақт хостан рафтору кирдорашонро чун пойафзол дигар мекунанд.
Чун намояндагони ТЭТ наҳзати ислом бо паёми табрикии солинавии худ бори дигар рангу рӯй ва пӯсту решаи худро иваз карда истодаанд, ин нишонаи он аст, ки ин хоинон на мазҳаб доранду на давлату на миллат. Яъне ин девсиратон танҳо бо ин роҳ мехоҳанд ба хоҷагони хориҷии худ наздиктар шаванд аз онҳо боз пулу мол гиранд, гурезгоҳи муваққатии худро устувортар созанд, зеро онҳо медонанд, ки рӯзи дар назди мардум ҷавбгӯ шудани онҳо наздик аст.
Як нуктаро бояд ёдовар шавам, ки дарвоқеъ, соли 2018 барои ҷаҳониён, хоса мардум тоҷик соли муваффақиятҳо, соли рушд, соли саломатӣ, соли тинҷӣ ва аз ҳама муҳим соли дӯстиву бародарӣ буд. Дар арсаи ҷаҳонӣ муаммоҳои об ва дигар проблемаҳои миқёси ҷаҳонӣ, ки роҳҳои бартараф кардани он бо ташаббуси Тоҷикистон пешниҳод шуда истодаасӣ, чун дастгирӣ ёфта истодааст. Илова бар ин муносибати халқу миллатҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон тамоман ранги дигар гирифт, ин рушду пешравиҳои чашми нотавонбинонаи душманонро боз хиратар сохт ва дили санги онҳоро боз сангинтар намуд. Аз ин рӯ, онҳо бо ҳама роҳ мехоҳанд чун “бӯқаламун” дар назди ба ном ташкилоту муассисаҳои манфиатҷӯ ранги худро дигаргун намуда, нисбат ба ҳар кору рафтори мардум тоҷик бадгӯӣ кунанд. Ҳамаи моро имрӯ зарур аст, беш аз пеш, аз муваффақиятҳои хеш ҳарф занем, корҳо, иқдомҳо, талошҳои шоистаи шудаистодаро дастгирӣ намоем ва баҳри гулгулшукуфии Тоҷикистони азизамон ҳиссагузор бошем.
Ҳамробоев Н.А.
Мудири шуъбаи табъу нашр