Бузургтарин ихтирооти башар
Дар факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” конференсияи имлӣ таҳти унвони «Китоб-бузургтарин ихтирооти башар» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба муаррифии китобҳои тозанашри устодони факултети филологияи тоҷики донишгоҳ, аз қабили Фарҳод Зикриёев, Абдуҷамол Ҳасанзода, Туғрал Шокиров, Темур Мақсудов, Абдуқодир Зоҳидов, Саидмурод Ҳоҷиев, Мӯсо Олимҷонов ифтитоҳ гашт.
Сипас, иштирокдорон ҷанбаҳои тадқиқоти олимон ва китобҳои тозанашрро матраҳ карда, музокира намуданд.
Маркази иттилоот ва таҳлил